Маҳфили илмии донишҷӯёни кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок оид ба иқлим

Имрӯз, дар кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок маҳфили илмии донишҷӯён зери сарварии омӯзгори ҳамин кафедра Бобоҷонов Савриддин  баргузор гардид, ки дар он омӯзгорон ва донишҷӯён- аъзоёни маҳфил ширкат намуданд. Минҳайси меҳмон дар маҳфили имрӯза муовини декани факултети корҳои кӯҳӣ Исоева А., мудири кафедраи коркарди канданиҳои фоиданок Мутаваллиев А. ва дигар омӯзгорон ширкат доштанд.

Маҳфилро нахуст мудири кафедра дотсент Мутаваллиев Абдуваҳоб ифтитоҳ намуда, илова намуд, ки  ташкили чунин маҳфилҳоро муҳим буда,  аз ҷониби дигар ин гуна  маҳфилҳо барои васеъ гардидани ҷаҳонбини илмии донишҷӯён мусоидат менамояд. Ҳамзамон, Мутавалиев А. ба донишҷӯён ҷиҳати иштироки фаъолашон изҳори миннатдорӣ намуда, арз дошт, ки минбаъд маҳфилҳои кафедра дар толори калони донишкада бо иштироки васеи омӯзгорон гузаронида мешавад.

Сипас, донишҷӯи бахши 4 ихтисоси 510201-01  Кенҷаев Умед дар мавзӯи “Ифлосшавии муҳити атроф ва оқибатҳои он” баромад намуда, роҳҳои пешгирӣ ва тарзи истифодаи дурусти корҳои геологиро пешниҳод намуд, то муҳити атроф ифлос нагардад.

Дар интиҳои маҳфил байни донишҷӯён суолу ҷавоб сурат гирифт, ки ҳозирин андешаҳои хешро оид ба ин мавзӯъ баён доштанд.

 

Шуъбаи иттилоот