Ҷаласаи назди мувовини аввали ректор профессор Насриддинов З.З. оид ба ҷараёни таълим

Дирӯз, дар толори Шӯрои олимони донишкада ҷаласаи назди муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин баргузор гардид, ки дар он деканҳову омӯзгорон ширкат намуданд. Насриддинов З.З. нахуст  ҳозиринро ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  табрику таҳният гуфта, нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар расидан ба саодат ва истиқлоли иқтисодӣ муҳим арзёбӣ намуданд, сипас ба ҳозирин моҳияти дасту супоришҳои ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалиро фаҳмонида, оид ба иҷроиши супоришҳо дастурҳо доданд.

Ҳамзамон, дар ҷалса масъалаи баланд бардоштани сифати таълим баррасӣ гардида, профессор Насриддинов З.З. ҷамъбасти даври аввали имтиҳониро таҳлил намуда, ба омӯзгорон ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани сифати таълим машваратҳо доданд. Ҳамзамон, аз омӯзгороне, ки махсус ба донишҷӯён холҳои беарзиш гузоштаанд сабаби чунин муносибатро баррасӣ намуда, дастур доданд, ки раванди таълими омӯзгорон пурра омӯхта шавад ва назари донишҷӯён низ оид ба омӯзгорон ба инобат гирифта шавад.

Профессор Насриддинов Замониддин  иброз доштанд, ки барои баланд бардоштани сифати таълим, мо ҳаракат карда истодаем, то ҳама шароитҳо фароҳам оварда шавад, вале дар ин раванд омӯзгорон низ бетараф набошанд, бо донишҷӯён кор кунанд, дарсҳои амалиро бештар дар филиалҳо, яъне корхонаҳои саноатӣ гузаронанд, то кадри омода намудани мо, мутахассиси варзида бошад. 

Шурӯъ аз имрӯз, бояд тамоми макетҳои ҷараёнҳои истеҳсолӣ дар кафедраҳо таъсис дода шаванд ва донишҷӯён пурра бо самти худ пас аз дарсҳо низ машғул шаванд. 

Дар интиҳои ҷаласа муовини аввали ректор профессор Насриддинов З.З. ба омӯзгорон барор хоста,  талаб намуданд, ки ҳар як омӯзгор роҳҳои баланд бардоштани сифати таълимро аз диди хеш ба деканҳои факултет пешниҳод намояд.

Шуъбаи иттилоот