Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ профессори фахрии Донишгоҳи нафти Чин гардид

Имрӯз, директори ҷониби чиноии Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон  Жен Гентян   ҳамроҳ бо директори ҷониби тоҷикистонӣ Валиева Мастурахон ба ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон  Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ барои хидматҳои шоён дар сатҳи ҳамкориҳои судманд унвони   профессори фахрии Донишгоҳи нафти Чинро супориданд. Дипломи мазкур дар утоқи кории ректори донишкада супорида шуд. 

Ёдовар мешавем, ки ин дуюмин унвони профессори фахрии донишгоҳҳои Ҷумҳурии халқии Чин аст, ки ба ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ супорида мешавад.

Ҳайати иттилоотии донишкада ҳамроҳ бо омӯзгорон ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалиро барои сазовор гардиданашон ба унвони профессори фахрии Донишгоҳи нафти Чин табрику таҳният гутфа, ба эшон дар расидан ба қуллаҳои баланд илм муваффақияту комгорӣ таманно менамояд. 

Шуъбаи иттилоот