Маҳфили донишҷӯён бо иштироки ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ дар мавзӯи “Ҳифзи Ватан қарзи муқаддаси мост”

Имрӯз, бахшида ба таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори факултети корҳои кӯҳӣ ва кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ дар толори Шӯрои олимон бо ширкати ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ маҳфили донишҷӯён дар мавзӯи “Ҳифзи Ватан қарзи муқаддаси мост” баргузор гардид.

Дар маҳфили имрӯза, ректори донишкада  н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ нахуст суханронӣ намуда, ҳайати ҳозиринро ба рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.

Сипас, барномаи таҳия намудаи омӯзгорони кафедра пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки аз бахшҳои сурудхонӣ ва иҷрои саҳнаҳои ҳаҷвию бадеӣ  иборат буд.

М. Сайидзода