Ифтитоҳи рӯзи дарҳои кушод дар донишкада дар доираи “Ҳафтаи фанҳои дақиқ ва риёзӣ” аз ҷониби ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ

Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо ширкати ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ “Ҳафтаи фанҳои дақиқ ва риёзӣ” ифтитоҳ карда шуд.

“Ҳафтаи фанҳои дақиқ ва риёзӣ”  бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар донишкада аз ҷониби кафедраи математикаи олӣ ва информатика гузаронида мешавад.

Дар чорабинии ифтитоҳӣ ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ дар назди аъзои раёсати донишкада  мувоинони ректор ва деканони факултетҳо суханронӣ намуда, бар кори омӯзгорон ва гузаронандагони ҳафтаи мазкур муваффақият хостанд.

Ҳини ифтитоҳ аз роҳрав то синфхонаҳои таълимӣ, ки бахшида ба “Ҳафтаи фанҳои дақиқ ва риёзӣ”  бо ҷиҳози таълимӣ ва расмҳову китобҳои соҳавӣ оро дода шуда буд, ректори муҳтарам дидан намуда, ба кори донишҷӯён ва ташкилкунандагони ҳафтаи мазкур баҳои баланд доданд.

М. Сайидзода