Қабули шаҳрвандон аз ҷониби ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ

Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон қабули шаҳрвандон доир карда шуд, ки дар он ректори донишкада н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалиро  муовини аввали ректор Насриддинов Замониддин, сардори шуъбаи умумӣ ва назорат Ҳамдамова Мадина ҳамроҳӣ намуда буданд.

Ба қабули шаҳрвандон барои пайдо намудани синфхонаи таълимӣ ҷиҳати баргузории курсҳои кӯтоҳмуддати забонҳои хориҷӣ ду нафар сокинони шаҳри Бӯстон Эсанова Шабнам ва Бобоҷонова Ситора муроҷиат намуда буданд, ки ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ дархости ононро иқдоми худ унвон намуда, ба масъулон ҷиҳати расонидани кӯмак дар доираи талаботҳои қонунгузорӣ дастур доданд.

Ёдовар мешавем, ки қабули шаҳрвандон ҳар ҳафта дар донишкада баргузор мегардад ва шаҳрвандон метавонанд бо муроҷиат дар шуъбаи умумӣ худро сабти ном намоянд.

Шуъбаи иттилоот