Масоили марзӣ бо роҳи муколама ҳалли худро ёбанд, дуруст хоҳад буд

Инсоният ҳамеша дар муборизаҳо буд ва хушбахтона бо мавҷудияти хиради воло ва маърифати олӣ ин муборизаҳои худхоҳӣ ва қавмӣ бо роҳи ором ҳал мешуданд. Феълан низ, ҷаҳони муосир ба муколама ва гуфтугӯйи байни ақвом барои ҳалли мушкилоти мавҷуда ниёз дорад ва ин ҷониби масъала моро водор месозад, то дар тасмимгириҳо саросема набошем ва аз фарҳанги бой ва таҷрибаи нодири гузаштагонамон истифода барем.

Муноқишаи марзӣ дар навоҳии ҳамсарҳад бо Ҷумҳурии Қирғизистон албатта, агар аз як ҷониб масъалаи ҳалношудаи ҳудудро ба миён гузорад аз ҷониби дигар аҳдшиканиву паймоншикании қирғизҳоро аён месозад. Тавре, ки маълум аст, дар тамоми ҷаҳон ҳамаи масъалаҳои марзӣ бо иштироки ҳайатҳои баландпояи расмӣ ва ризоияти тарафайн ҳаллу фасл мегарданд. Аммо дар ин шабу рӯзи охир чунин шароит ба вуҷуд омадааст, ки сокинони мулкӣ мехоҳанд ин масъаларо бар нафъи худ ҳал кунанд, ки беидрокии қирғизҳоро ифода мекунад.

Аммо ҳоло, ки низоми оташбас байни ин ду ҷумҳурӣ эълон шудааст, мо аз ин хушҳол ҳастем. Воқеан ҳам мардумони ин ду минтақа солҳо боз дар ҳамсоягӣ ва бародариву дӯстӣ зиндагӣ карда омадаанд ва имрӯз ҳам бояд ин анъана идома пайдо намояд.

Бояд масоили марзӣ бо роҳи гуфтушунид роҳи ҳалли худро ёбад, он чӣ ҳоло байни ин ду мардум гузашт ва умедворем мешавем, ки дигар такрор нашавад ва ин сахт иштибоҳи ҳамсояқирғизҳо буд.

Фарҳанги миллати тоҷик ҳамеша сулҳу дӯстӣ ва оромиро талқин менамоянд ва мо низ асрҳои аср ин таомули миллиро риоя карда омадем, вале вақте, ки аҳдшиканӣ аз ҷониби ҳамсояҳои қирғизи мо сурат гирифт, мо  сабри мо ҳам лабрез шуд, ки дигар натиҷааш барои ҳамагон маълум аст.

Қирғизҳо набояд дар масъалаи ҳамсоядорӣ ва дӯстиву бародарӣ сустиродагӣ намоянд, чунки онон аз рӯзҳои нахуст бояд аҳди бародарии додаи тоҷиконро риоя намоянд ва ҳамон фарҳанги ҳамсоядориро ба хотири рӯзҳои некӣ фарзандон ва ояндаи хуб бояд нигоҳ дошт.

Сулҳу дӯстӣ ба мардум бахту саодат меоварад ва банда аминам, ки дар ин муноқишаи марзӣ, ки бо ҷурми қирғизҳо рӯх дод, бояд гузаштҳо сурат гираду баҳсҳои мавҷуда аз роҳи муколамаи муфид ҳалу фасл карда шаванд, то ин мардумон тавонанад хубу ором зиндагӣ карда тавонанд.

Собирова Ш.Р.

омӯзгори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон