Маросими ба имзо расонидани Созишнома оид ба тайёр намудани мутахассисони “Забони чинӣ + маҳорати касбӣ” бо ҶДММ корхонаи муштараки “Зарафшон”

Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баҳри дастгирии сиёсати маорифпарварона ва баҳри ҳамкории судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин як зумра корҳоро ба анҷом расонида истодааст.
Боиси тазаккур аст, ки тӯли 7 сол Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамчун пули дӯстиву рафоқат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин нақши бузургеро мебозад.
Бояд ёдовар шавем, ки бо ташаббуси Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Донишкадаи касбӣ-техникии захира ва муҳити зисти Ланҷоу маркази таълимии касбӣ-саноатии Тоҷикистону Чин ба номи Лю Бан соли 2021 ифтитоҳ гардида буд, ки бевосита бо омода намудани мутахассисони соҳаи кӯҳӣ-металлургӣ машғул хоҳад шуд, ки барои амалигардонии ҳадафи рушди саноатикунии кишвар мусоидат хоҳад намуд.
Аз ин лиҳоз, санаи 04.05.2022с, дар толори Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо ташаббуси Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва ҶДММ корхонаи муштараки “Зарафшон” -и Тоҷикистону Чин Маросими ба имзо расонидани Созишнома оид ба тайёр намудани мутахассисони “Забони чинӣ + маҳорати касбӣ” баргузор гардид.
Зимни ин Шартнома маркази таълимии касбӣ-саноатии Тоҷикистону Чин ба номи Лю Бан ва Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон аз ҳисоби донишҷӯёни болаёқати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар муҳлати як сол барои корхонаи муштараки “Зарафшон” мутахассисони баландихтисос ва ҳамзамон донандагони забони чинӣ омода хоҳанд намуд.
Боиси қаноатмандист, ки ҳамзамон аз ҷониби маркази истеъдодҳои соҳаи металлургияи рангаи Ҷумҳурии мардумии Чин ба маркази таълимии касбӣ-саноатии Тоҷикистону Чин ба номи Лю Бан барои қабули мутахассисон аз рӯи барномаи “1+Х” Иҷозатномаи байналмилалӣ супорида мешавад.
Дар асоси ин Иҷозатнома маркази мазкур ба хатмкунандагони курсҳои кӯтоҳмуддат ҳуқуқи супоридани шаҳодатномаи дараҷаи тахассусии касбӣ оид ба ихтисосҳои маҳсулоти заргарӣ, технологияҳои рақамии кӯҳӣ ва металлургия пайдо менамояд.
Ин ҳама чорабиниҳо аз ҷониби Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баҳри таъмини бештари корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Чин аз ҳисоби мутахассисони ватании варзида дар бозори меҳнат ва ҳамзамон донандагони забони чинӣ нигаронида шудааст.
Умед дорем, ки бо дастгирии бевоситаи Вазорат ба он ҳадафҳое, ки оид ба омода намудани мутахассисони рақобатпазир дар бозори ҷаҳонӣ ва ҳамзамон донандагони забони хориҷӣ пеши худ гузоштаем, ба дастовардҳои назаррас ноил хоҳем гашт.