МАНБАИ ХАТАР ВА ИХТИЛОФОТ

Ба фаъолияти ҳар як ниҳод ва ҳизбу гурӯҳ вобаста ба амал ва натиҷаҳое, ки ба даст меоварад баҳо дода мешавад. ТЭТ ҲНИ дар тӯли таърихи мавҷудияти хеш иҷрои амалҳоеро нишон дод, ки сарчашмаи хатар барои миллат, ҷомеа ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст. Даст доштани роҳбарияту аъзоёни гурӯҳи ҷиноӣ дар рӯзҳои ҷанги шаҳрвандӣ боиси ба ду майдон кашида шудани мардуми тоҷик гардид. Ҳамин майдонбозиҳои наҳзатӣ боиси ба хун оғушта гардидани ҷомеа ва рехташудани хуни ҳазорон сокинони мамлакат, кӯдакону модарон, пирону барҷомондагон шуд. Ин бесарусомониҳо оқибат мардуми тоҷикро гурезаву ва ба азоби сахти иқтисодиву иҷтимоӣ ва бӯҳрони маънавӣ гирифтор намуд. Ба хотир овардан он рӯзҳои мудҳиш аламовар аст. Ин бадкориҳои наҳзатиёни маккор буд, ки худро ҳамчун душмани давлату миллат нишон доданд, ки амали нобахшиданист.

  Лек ба ин ҳама нигоҳ накарда, давлату ҳукумат, хоссатан Сарвари давлат  ба хотири сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ гуноҳҳои азими ин турфа хоинонро бахшиданду барои ислоҳи онҳо имконият фароҳам оварданд. Ва то ҳатто барои идомаи зиндагии осоиштаи онҳо аз ҳисоби ҳамаи захираҳои давлатӣ 30% курсиро ба онҳо пешниҳод намуданд, ки он дар Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дарҷ ёфтааст.

Мутаассифона, ин гуруҳ боз ҳам нақшаҳои худро барои халалдор кардани сулҳу субот, ҳаёти осоиштаи мо, зина ба зина тарҳрезӣ карда ва хоҳиши амалӣ кардани ҳадафҳои нопоки худ бар зидди ҳокимияти конститутсионӣ баромад намуданд.

Ин амалҳои хиёнаткоронаи онҳоро адиби маъруфи мо Лоиқи зиндаёд, бо чашми худ дид ва нисбати он вокуниш нишон медод. Лоиқ Шералӣ дар вақти авҷи ҷанги шаҳрвандӣ ба хотири дар амон мондани давлату миллат, пешниҳод намуд, ки баҳри ҳифзи Ватан тайёр аст, ҷони худро нисор намояд. Ӯ аз душманони миллат илтиҷо кард, ки тамоми тирҳои тирдони автоматашонро  ба қалби ӯ, ба ҷони ӯ фурӯ резанд, лек бояд ҷони мардум дар амон бошад:

Ҳама тире, ки андар тирдон доред,

Ба қалби ман бияндозед.

Ба ҷони ман фурӯ резед,

Ҳамин як қалби ман омоҷгоҳи тиратон бошад.

Валекин ҷони мардум дар амон бошад,

Агар як ман бимирам, ҳеҷ боке нест.

Фардо Модари тоҷик,

Ҳазорон Лоиқи лоиқтаре аз ман биёрад боз.

Басо мушфиқ, басе ошиқ, басе содиқтаре аз ман биёрад боз.

Афсус, имрўз хоинони манфиатҷуву мансабпараст на хотири модару падар ва кӯдаку фарзанди худ мекунанд. Балки танҳо ва танҳо худро фикр мекунанд, то дар шароити хубу замонавӣ дар партави пулҳои хоҷагони худ хушу хурсандона зиндагонӣ намоянд. Онҳо боз кушиши барангехтани низоъву бадбинӣ ва хусумату ҷангро дар байни мардуми тоҷик ҳадафи худ қарор дода истодаанд. Бо ин амали худ  бар зидди ҳокимияти конститутсионӣ, ки инсон, ҳуқуқу ва озодиҳои ўро арзиши олӣ эътироф намуда, тамоми имкониятҳои давлатиро барои ободии ин сарзамин равона кардааст, баромад карда истодаанд. Магар ин душмании наҳзатиён бо давлату миллат нест?

Хушбахтона,  нақшаҳои аҳримании онҳо шикаст хӯрд ва онҳо роҳи гурезро пеш гирифтанд. Лек аз хориҷ истода худро бегуноҳ нишондодани онҳо амали ноҷавонмардонагист. Миллати тоҷик дигар фирефтаи ақидаҳои ифротии ҳизби наҳзат нахоҳад шуд. Ҳизби наҳзат ҳеҷгоҳ ғолиб намешавад.  

Имрўз бо ин ҳама иғвоҳои беасоси наҳзатиён нигоҳ накарда ҷавонмардони ҷасоратманду далер, миллатдўсту некхоҳ ва некбини халқ барои ободиву рушди кишвар саҳмгузоранд. Дар рагу пайванди онҳо хуни қаҳрамонони миллат, мисли Деваштичу Спитамен  ва дигар ҷавонмардони асили тоҷик ҷуш мезанад.

  Мо, шаҳрвандони мамлакат бояд ин ҳама шароитҳои хубе, ки давлату ҳукумат, бо роҳбарии Президенти кишвар амалӣ карда истодаанд, қадр намоем ва ҷавоби сазовор диҳем. Фирефтаи ақидаҳои иртиҷоии гуруҳҳои ифротӣ нагашта, бар муқобили онҳо истодагӣ намеом ва нагузорем, ки осмону софу беғубори давлати мо тира гардад. Сулҳу субот, ки неъмати бузург аст, мо бояд чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем ва ҳифз намоем.

Иноятова А.И. – ассистенти кафедраи ҳуқуқи

судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ