“Забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи хеш бо вуҷуди он ҳама бархурд ва руёрӯйӣ бо чандин забонҳои тавонои дунё чеҳраи аслии худро нигоҳ доштааст, ки ин далели тавоноии бунёдии ин шохаи забони ориёӣ аз даврони бостон то имрӯз мебошад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Забони давлатӣ муаррифгари ҳар як давлату миллат аст. Давлату миллат бе забони давлатӣ арзи ҳастӣ карда наметавонад. Дар баробари таҳаввулоти азиме, ки дар давраи таърихи ҳазорсола арзи вуҷуд дошт, намояндагони миллати тамаддунофари тоҷик забони модарии худро поку бе олоиш нигоҳ дошта, то ба замони мо расониданд.
Забони тоҷикӣ (форсӣ-дарӣ) ба шохаи эронии оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ мансуб буда, аз гӯишҳои ориёиҳои қадим (ҳинду эрониён) сарчашма мегирад, ки қисме аз онҳо дар охири ҳазораи 2-юм – ибтидои ҳазораи 1 пеш аз милод аз Осиёи Миёна ба паҳнкӯҳи ғарбии Эрон пеш рафтаанд ва дар ин ҷо дар минтақаи таърихии форсизабонҳо (порсӣ) маъруф шудаанд. Дар ибтидои асри IX дар замони Сомониён забони тоҷикӣ, ки дар осори хаттӣ бо номи дарӣ ё форсӣ-дарӣ маъруф аст, пеш аз ҳама, забони давлатӣ қабул карда шуд. Мукотиботи расмӣ оид ба масъалаҳое, ки ба дин алоқа надоранд, пеш аз ҳама, бо ҳамин забон доир мешуданд. Ин давра ибтидои адабиёти классикии тоҷику форс маҳсуб мешавад.
Яке аз осори насрии замони Сомониён, ки ба забони дарӣ навишта шудааст, муқаддимаи насри «Шоҳнома» мебошад, ки соли 957 таълиф шудааст. Асари дигаре, ки ба забони дарӣ таълиф шудааст, тарҷумаи арабии «Таърихи Табарӣ» ва тарҷумаи китоби арабии «Тафсири Табарӣ» (Тафсири Қуръон) мебошад. Ин «Шарҳ» аз 14 ҷилд иборат буда, соли 962 аз ҷониби олимони Мовароуннаҳр тарҷума шудааст.
Забони форсии тоҷикӣ давоми беш аз ҳазор сол яке аз забонҳои умдаи илмӣ ва байналмилалӣ будааст.
Боиси тазаккур аст, ки давоми ҳазорсолаҳо шоирону мутафаккирон, олимону донишмандони гузаштаи мо, аз ҷумла Рӯдакиву Ибни Сино, Фирдавсиву Дақиқӣ, Саъдию Ҳофиз ва Ҳилоливу Бедил бо ин забони нобу беолоиш асарҳо эҷод кардаанд, ки боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар соҳибзабон мебошад.
Забони тоҷикӣ имрӯз низ забони илму адабу фарҳанг буда, ҳамоишҳо ва чорабиниҳои илмию фарҳангӣ бо забони давлатӣ мегузаранд, олимони мо асарҳо ва мақолаҳояшонро бо риояи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ таҳия карда, барои инкишофи забон саъю талош менамоянд.
Бо сифати баланд нашр ва дастрас гардонидани шоҳасари безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» ба ҳар хонаводаи кишвар ва дар соли 2026 ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон эълони озмуни «Шоҳномахонӣ», ки бо иқдоми неку фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шудааст, гувоҳи возеҳи баланд бардоштани мақоми забони тоҷикӣ ва бо ин роҳ тақвият бахшидани эҳсоси худшиносии миллӣ мебошад.
«Шоҳнома» интиқолдиҳандаи забон ва вожаҳои роиҷи забони адабиёти классикӣ буда, истифодаи ин забон имрӯз барои пешрафти забони тоҷикӣ мусоидат менамояд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷгузорӣ ва эҳтироми забони давлатӣ, яъне забони зебову шево ва ширину шоиронаи тоҷикиро аз ҷумлаи ҳадафҳо ва самтҳои асосии марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ арзёбӣ намудаанд. Зеро забони тоҷикӣ дар баробари дигар муқаддасоти миллии мо рамзи давлатдорӣ, ҳувияти миллӣ, кафили мавҷудияти фарҳанги оламшумул ва мояи ифтихори мо — тоҷикон аст.
Соли 2016 китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи “Забони миллат-ҳастии миллат” (Душанбе: Эр-граф,2016. 516саҳ.) ба нашр расид.
Далели барҷастаи эҳтироми баланду беназири Пешвои муаззами миллати мост, бо номи “Забони миллат – ҳастии миллат” китоби бузурге эҷод намудаанд. Ин китоб саршор аз ифтихори миллӣ буда, бо услуби шевою омафаҳм дар бораи таърихи забони тоҷикӣ марҳилаҳои он ҳикоят мекунад.
Дар муқаддимаи ҷилди дуюми китоби “Забони миллат-ҳастии миллат” Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: “Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳу поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёгонам мебошад. Аз ин рӯ, ман ба ин забони шевои шоирона сидқан арҷ мегузорам, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ аз минбарҳои баланд бо ин забон сухан мегӯям, аз лаҳни шакарину дилнишинаш лаззати маънавӣ мебарам ва ҳастиамро бо ҳастии забон пайванд медонам”.
Забони модарӣ лафзи бузург, ширину мукаддасест, ки барои ҳар як инсони комил баробари пайдо шудаии ҷон дар бадан пайдо мешавад. Ҳанӯз тифле, ки нав ба олами ҳастӣ чашм боз намудааст, бо аллаи модар, ки бо забони модарӣ сурат мегирад, ниёз дорад ва таҳти навои форами он худро озоду бофароғат ҳис мекунад, унс мегирад, интизорӣ мекашад, то ба ин лафзи поку мукаддас ҳарфе бишнавад. Сазовори навои баландмазмуни модарӣ азиз гардад. Зеро он азиз аст, шево садо медиҳад ва аз лаҳни форамаш дилу дида ҷону дил ором мегирад. Барҳақ, шоири тавоно Мӯмин Қаноат дар шеъри “Ба ҳаводорони забони тоҷикӣ” мегӯяд:
…Баҳри ман танҳо забони модарист,
Ҳамчу шири модар аст,
Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест,
Чунки меҳри модар аст.
З-ин сабаб чун шухиҳои дилбарам,
Дӯст медорам варо
Чун навозишҳои гарми модарам,
Дӯст медорам варо.
Дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти ҳимоятҳои Пешвои муаззами миллат забони миллӣ дар мақоми давлатӣ мақому маҳбубият касб намуд ва асноди меъёрии ҳуқуқие дар ин замина ба тасвиб расид, ки ҷойгоҳи забони миллатро мушаххасу муқаррар намуд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”(соли 2009),“Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016, Барномаи рушди давлатӣ барои солҳи 2020-2030” аз ҷумлаи санадҳои меёрҳои ҳуқуқиенд, ки дар робита ба забони давлатӣ дар шароити истиқлоли миллӣ бо ибтикороту пешниҳодоти Сарвари давлат қабул гардидаанд.
Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки маҳз истиқлоли давлатӣ барои дурахши дигарбораи яке аз муқаддасоти миллии мо – забони тоҷикӣ ва рушду такомули он заминаи мусоид ва имкониятҳои фаровон муҳайё намудааст. Аз тарафи дигар, забони миллӣ (забони тоҷикӣ) ба сифати рукни муҳими давлатдории миллӣ ваҳдату сарҷамъии миллати моро дар саросари кишвар таъмин месозад. Аз ин ҷост, ки забони давлатӣ аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ буда, дар таҳкиму суботи давлати миллӣ нақши асосиро дорад. Барҳақ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “забони миллатро ҳастии миллат ва бунёду пояи давлат” эълом карда, аз соҳибзабонон даъват ба амал меоваранд, ки барои ҳифзи асолату покизагӣ ва шириниву шевоии он ҳамеша талош варзида, ин унсури ҳувиятсозиро ҳамчун арзиши бебаҳои миллӣ посдориву нигаҳбонӣ кунанд ва барои рушду тақвияти минбаъдаи он аз ҳамаи имконоти мавҷуда босамар истифода баранд.
Хушбахтона, имрӯз дар кишвари мо эътибор ба забони модарӣ дар сатҳи баланд аст ва заминаҳои бунёдии он – нумӯ ёфтани ифтихори миллӣ, кашфи роҳу василаҳои амалӣ кардани тадбирҳо доир ба таҳкими пояҳои иҷтимоии давлат ва рушди забон дурандешона ва хирадмандона тарҳрезӣ гардидааст, чунки “Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд.
Мо бояд дар пайравӣ бо Пешвои миллат сидқан барои пешрафту шукуфоии забон, ки мероси аҷдодон асту инъикосгари табиат ва оҳанги гуфтори миллӣ ва шуури миллист, талош варзем. Бикӯшем, ки пояи забони модарӣ устувор бошад, ҷовидон чун забони сиёсату қонунгузорӣ, ки дорои манзалати давлатист, бимонад, омӯзиши ин забон босифат ва пурсамар бошад, ҷараёни омӯзиши забон ҳам барои соҳибзабонон ва ҳам барои дигарон бо равиши наву муосир роҳандозӣ гардад, барои омӯзиши амиқи ин забон луғатномаҳои пешину муосир ба таври муқоиса мавриди истифода қарор гиранд, тарзи гуфтор ва тарзи навиштдор бо ҳам чун омезиши ширу шакар бошанд, ҳусни баёни ин забон ҳамеша риоя гардад, ҳамагон дар иҷрои рисолати ҷамъиятии хеш пешсаф бимонанд.
Ҷалолова Зӯҳро Абдусаломовна
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
