Конфронси вилоятӣ таҳти унвони “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон” бахшида ба Рӯзи Президент дар донишкада

Имрӯз, дар маҷлисгоҳи калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси вилоятӣ таҳти унвони “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон” бо ширкати ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода баргузор гардид.

Конфронсро нахуст ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати ҷавонон басо  баланд буда, маҳз бо дастгириву ғамхорӣ ва роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо ҷавонон дастгирӣ меёбанд.  Ногуфта намонад, ки талошҳои Сарвари давлат барои татбиқи ин сиёсат ва ҳамчунин ҳаматарфа дастгирӣ намудани ҷавонон барои мо ҳамеша маълум аст ва мо дар ҳар сафари он кас ба шаҳру навоҳӣ ин ғамхориро нисбати ҷавонон дарк менамоем. Воқеан ҳам Президенти ғамхору ҷавонпарварамон борҳо бо ҷавонони фаъол суҳбату мулоқотҳо ороста, ҳарфи дили онҳоро шунидаанд, ки ин ба ҷавонон руҳу илҳоми тоза мебахшад. Ифтитоҳ ва таъсису сохтани марказҳои бузург барои ҷавонон гувоҳ бар ин ҳама ҳарфҳои болозикр мебошад. Ҳоло ҷавонон бояд, ҳидояту роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, пайваста барои ободиву сарсабзии ватани азизамон талош намоянд.

Сипас, сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода суханронӣ намуда, ҷавононро такягоҳи асосии давлат номида, онҳоро ба роҳи хештаншиносиву қадршиносӣ ва меҳандӯстӣ тарғиб намуда, арз дошт, ки шумо ҷавонон қувваи бузурге ҳастед ва метавонед, ки бо хубу аъло хондани худ  саҳми хешро дар рушди ватани азизамон гузоред…

Ҳамчунин дар конфронси имрӯза Сафарзода Б. низ маърӯза хонда, роҷеъ ба дастгириву сарпарастии Президенти кишвар мулоҳизаронӣ намуд. Дар интиҳои конфронс ба як қатор ҷавонони фаъол аз ҷониби Филиали иттифоқи касабаи ҷавонон дар вилояти Суғд ифтихорномаву сипосномаҳо тақдим карда шуд.