Вохӯрии волидайн бо сарпарастон ва омӯзгорон дар донишкада

Дирӯз, вохӯрии волидайни донишҷӯёни факултети металлургия ва иқтисодиёти саноатӣ бо сарпарастон, деканҳои факулта баргузор гардид, ки дар он муовини  ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлуда, декани факултети металлургия Шамсиддинов Ш., декани факултети иқтисодиёти саноатӣ  Саидов М. ва дигар сарпарастон ширкат намуданд. 

Сараввал Аминҷонова М.С. ба ҳозирин роҷеъ ба масъулияти падару модар ва дигар қонунҳои танзимкунандаи ҳаёти донишҷӯён сухан ронда, сипас аз ҳолатҳои ногувор ва ифротгароиву гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ сухан гуфт ва таъкид намуд, ки   волидайн бояд дар ин масъалаҳо бо фарзандони дар гуфтугӯ бошанд.

Ҳамзамон дар вохӯрӣ роҷеъ ба рафтор ва ҳолатҳои дигари мавҷуда дар факултетҳо декани факултети металлургия Шамсиддинов Ш., декани факултети иқтисодиёти саноатӣ Саидов М., мудири кафелраи менеҷмен Собирова Ш., муовини декан оид ба илми факултети металлургия Усмонов Ш. муовини декан оид ба тарбияи ҳамин факултет Ғоибов А.  суханронӣ намуда, ба волидайн мақсад ва ҳадафи вохӯриро фаҳмонида, аз онҳо талаб намуданд, ки барои назорати доимӣ волидайн бояд бо сарпарастони гурӯҳҳо тамос дошта бошанд ва дар ин самт бояд ҳеҷ баҳонае боиси кандани равобит набошад.

Дар интиҳо ба як қатор волидайни  донишҷӯёни фаъол ифтихорномаву сипосномаҳо тақдим карда шуд.

Шуъбаи иттилоот