Вохӯрии гурӯҳи корӣ аз Душанбе бо ҳайати профессорию омӯзгории донишкада

Имрӯз, дар толори Шӯрои олимони донишкада вохӯрии директори китобхонаи миллии Тоҷикистон Файзализода Ҷумахон Хол, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Пайшанбезода Муҳиддин Шоҳинбод, роҳбари медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Китобхонаи миллӣ Аҳмадова Нуқра бо кормандон ва олимони донишкада сурат гирифт. 

Вохӯриро нахуст ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, ба ҳайати гурӯҳи корӣ ҷиҳати ташриф ба донишкада хайрамақдам гуфта, иқдоми пешгирифтаи китобхонаи миллиро фоли нек арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки маҳз тавассути ғамхориву талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  соҳаи маориф рушд намуда, ба дастовардҳои беназир ноил гардид. Ва баъдан  суханро ба мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа  Пайшанбезода Муҳиддин доданд. Дар навбати худ мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Пайшанбезода Муҳиддин ба ҳайати профессорию омӯзгорӣ ва роҳбарияти донишкада изҳори миннатдорӣ намуда, арз дошт, ки дар як муддати кӯтоҳ дар ин муассисаи таърихӣ хеле корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст, ки ин ба пешрафти ҷомеа мусоидат менамояд.

Сипас, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон  Файзализода Ҷумахон суханронӣ намуда, аз ҳамкорӣ бо донишкада сухан гуфта, пешниҳод намуд, ки ҳама нусхаи адабиёти нашрнамудаи худро минбаъд ба Китобхонаи миллӣ дастрас намоянд ва аз тарафи китобхона кадом адабиёте, ки лозим шавад мо ба Шумо дастрас менамоем. 

Аҳмадова Нуқра низ дар навбати худ аз имкониятҳои фароҳам омада сухан ронда, изҳор дошт, ки минбаъд низ ҳамкориро омӯзгорони донишкада беҳтар ба роҳ  монда, маводҳои вобаста ба Пешвои миллатро ба китобхона ирсол намоянд.

Дар интиҳо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба меҳмонон изҳори сипосмандӣ намуда, арз доштанд, ки мо низ минбаъд ҳамкориро бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон густариш медиҳем ва конфронсу семинарҳои сатҳи байналмилалиро дар марказ мегузаронем.

Шуъбаи иттилоот