КАЖДУМИ ЗЕРИ БӮРЁ Наҳзатиён дини мубини Исломро бадном мекунанд

Таҳти ҳамин сарлавҳа дар сомонаи АМИТ “Ховар” андешаҳои як сокини шаҳри Хоруғ  Муборакшо НОЁБШОЕВро хондам. Воқеан ҳам, дар шароити имрӯзаи таърихи башарият зуҳури фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ  ва террористии байналмиллалӣ боиси нигаронӣ ва изтироби аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Ин таҳаввулоти фоҷиабарангез баҳри аз байн бурдани истиқлолияти комили даҳҳо мамолик ва сабаби оғоз гардидани ҷангҳои шаҳрвандиву ҷанҷолҳои мазҳабӣ гардидаанд», — навиштааст як сокини шаҳри Хоруғ дар нигориши худ, ки фишурдаи он  дар сомонаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ низ нашр шудааст. Дар давоми ин гузориш М.Ноёбшоев  чунин овардааст:

Имрӯз Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол баҳри татбиқи ҳадафҳои неки миллати озодандеши хеш ба сӯи фардо гомҳои устувореро бо роҳбарии Сарвари наҷиби худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳода истодааст.

Мусаллам аст, ки Тоҷикистон дар тӯли таърихи худ 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти худро ба даст овард ва онро таҳким бахшид.  Ин фазои ободу озод бо саъю кӯшиш ва талошҳои Пешвои миллат ба халқи тоҷик муяссар гардид. Маҳз истиқлолият буд, ки Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи худро пайдо намуда, дар раванди ҷаҳонишавӣ қарор гирифт.

Дар баробари хамаи ин аққалиятхое низ ба мисли аъзоёну роҳбарони Ҳизби наҳзати исломӣ вучуд доранд, ки низоми давлатдории дунявӣ вам демократиро монеаи асосии пешрафти дину мазҳаб медонанд ки ин ақида  му4тлақо нодуруст аст.

ҲНИ 26 октябри соли 1991 ташкил ёфт. Роҳбарону аъзоёни ҳизби назат дар гузашта дузду ҷинояткор будаанд ва нашъамандӣ кардаанд. Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ маводҳои ташвиқотию тарғиботии зидди давлатиро чоп карда, ҷавононро гумроҳ карда истодаанд. Қисми зиёди ҷавонони ноогоҳ ба фиребу найранги наҳзатиҳо афтода, аз зиндагии мустакилонаи худ махрум шудаанд. Аъзоёни ТТЭ ҲНИ барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин моҳирона истифода мебаранд ва номи муқаддаси  доғдор мекунанд.

 

Ҳизби наҳзати ислом барои барангехтани иғво дар солҳои 1992-1997 мавқеи асосиро ишғол менамояд. Маҳз наҳзатиён дар замони ҷанги шаҳрвандӣ боиси пароканда шудани халқи тоҷик ва бозичаи дасти дигарон шудани бисёр ҳаммеҳанони мо  гардид. Тоҷикистони соҳибистиқлол бо табиати биҳиштостояш имрӯз новобаста аз найрангҳои ба миёномада дар ҷаҳон мавқе ва нуфузи худро торафт баланд мебардорад. Ба ҳамагон маълум аст, ки баҳри нигоҳдории тамомияти арзӣ ва  якпорчагии Точикистони азизамон замоне буд, ки ҲНИ худро пуштибон меҳисобид ва зери парда таносуби сиёсат ба динро нишон медод. Ҳоло низ ТТЭ ҲНИ аз ин мақсади нопоки худ даст накашидааст ва манфиатҳояшро зери никоби дин чо карда,  онҳоро амалӣ кардани аст. Лекин ҳизби наҳзат динро ба таври руякӣ, маҳдуд ва танг фаҳмида, аз дигарон низ чунин фаҳмиши кӯркӯрона  ва амали аблаҳонаро  талаб менамояд.

Ақидаҳои  наҳзатиён аз сатҳи тафаккур баромада,  ба сатҳи таблиғот, ба сатҳи талаботи қатъӣ аз дигарон ва ба сатҳи амалҳои тунд мегузарад. Дар ин ҳолат аъзоёни ҳизби наҳзати ислом тарзи зиндагонии дигаронро ошкоро танқид карда, нисбати онҳо дар амал оштинопазирӣ нишон медиҳад ва ҳамфикрони худро ба муборизаи амалӣ ба муқобили фаҳмиш ва тарзи зиндагии дигарон даъват мекунад. Ин сӯиқасд ба озодии инсонҳост.

Фаъолияти имрӯзаи ТТЭ ҲНИ каждуми зери бӯрёро ба ёд меорад, ки пайт мепояд ва ҳамин ки фурсат даст дод, ҳатман аз зери бӯрё берун омада, ба одамон неш мезанад. Вале тавре  Саъдии Шерозӣ  гуфтааст:

Неши ақраб на аз паи кин аст,

Муқтазои табиаташ ин аст.

Хеле афсӯс, ки қурбониёни  ТТЭ ҲНИ асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рў, ҷавононро мебояд, ки зиракии исиёсиро  аз даст надода, барои озодӣ, адолат ва зингдагии осоишта,  таъмини   сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар  ҳиссагузхор бошанд. Зеро ТТЭ ҲНИ  зери шиорҳои динӣ баромад намуда, аз номи дин ҳарф мезананд ва фармонҳои худро аҳкоми динӣ меноманд. Ин, пеш аз ҳама, ба хотири сӯистифода аз шуури динии мардум равона гардида, ҳеҷ рабте ба арзишҳои динӣ ва аҳкоми он надорад. Пас, ин амалкарди ифротгароёна  аз бединию хоинии  наҳзатиён  дарак медиҳад.

 

Хамаи намудхои фаъолияти ХНИ-ро ба назар гирифта, 29 сентябри соли 2015 бо қарори Суди Олии мамлакат фаъолияти  ин ҳизб  дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардид ва  он ҳамчун ташкилоти  террористию  экстремистӣ  эълон карда  шуд.

Яке аз самтҳои сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ва Ҳукумат дастгирии насли наврас ва ҷавонон буда, баҳри донишомӯзӣ ва касбомӯзии онҳо  тамоми шароит фарҳам оварда шудааст. Дар ҷавоби ин ҷавонони мо бояд соҳибилму  соҳибкасб гардида,  баҳри ободии халқу ватани худ хизматҳои беназир анҷом бидиҳанд.

Ҷавонон ояндаи генофонди миллати тоҷик буда, ҳамеша аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ карда мешаванд. Аз ин рӯ,  онҳоро мебояд,   ки ҳидоятҳои Сарвари давлатро пайравӣ намуда, аз падидаҳои манфие, ки ҷомеаи имрӯзаро зери хатар мондааст, худро эмин нигоҳ доранд.”

Зимнан, ҷавонон боғи ҷомеаро ташкил медиҳанд. Самари нек овардани онҳо хиёбони зиндагиро гулпуш мекунад.

 

                                               Фируза Мирсаидова, сармутахасиси шуъбаи илм ва робитаҳои байналмилалии ДКМТ