Ҷараёни таҷрибаомӯзии иқтисодчиёни оянда дар ҶДММ “Элегант”

Бо дастуру супориши ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷиҳати боз ҳам зиёдтар аз худ намудани донишҳои зарурӣ ва таҷриба ҳама таҷрибаомӯзиҳо тибқи нақша- чорабиниҳои таҷрибаомӯзии таълимӣ имсол дар корхонаҳои истеҳсолӣ мегузарад.

Ҳоло, ҳамарӯза аз ҷараёни таҷрибаомӯзии донишҷӯён омӯзгорон дар корхонаҳои истеҳсолӣ ва филиалҳои кафедра ба шуъбаи иттилоот хабар медиҳанд.

Тибқи ҷадвали тасдиқ гардида, аз руй накшаи таълимии кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ, таҷрибаомӯзии таълимӣ-шиносоӣ барои донишҷӯёни бахши дуюми ихтисоси иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар ҶДММ “Элегант” гузаронида шуд. Донишҷӯёнро мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Облоқулов Воҳидҷон ва муаллима Муҳаммадюсупова Шамсия дар корхонаи мазкур аз ҷараёни корҳои истеҳсолӣ огоҳ намуданд.
Шуъбаи иттилоот