Иштироки омӯзгорон дар роҳпаймоии осоишта бахшида ба эълон гардидани “соли 2025 соли ҳифзи пиряхҳо”

Рӯзи шанбе дар қатори дигар сокинони шаҳри Бӯстон омӯзгорону кормандони донишкада зери роҳбарии профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар роҳпаймоии осоишта бахшида ба эълон гардидани “соли 2025 соли ҳифзи пиряхҳо” иштирок намуданд. Дар роҳпаймоии мазкур ҳамчунин ҳайати роҳбарикунанда ва дигар масъулони донишкада фаъолона ширкат намуданд.