Ширкати директори Донишкадаи Конфутсии назди донишкада дар ҷаласаи байналмиллалӣ ва баҳси муаммои муколамаи фарҳангҳо

Имрӯз, дар Донишкадаи Конфутсии назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон  ҷаласаи машваратӣ бо омӯзгорони забони чинӣ баргузор гардид.  Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи  донишкадаи Конфутсий машғулиятҳои омӯзиши аллакай оғоз гардидааст. Ёдовар мешавем, ки машваратӣ мазкур, ки ба тариқи онлайн низ мегузашт аз таомми ҷаҳон намояндагон фарҳанги чинӣ, дӯстдорони забони чинӣ ва омӯзгоронро ҷамъ оварда буд.  Бо ташаббуси директори донишкада Валиева Мастура  машғулиятҳои забони чинӣ барои ин давра ройгон мегузаранд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар ин семинари байналмиллалӣ, ки аз кишварҳои зиёди ҷаҳон тариқи  маҷозӣ ширкат менамуданд, намояндагони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон  дар ҳайати директори Донишкадаи Конфутсий Валиева Мастурахон суханронӣ намуда, авзои кунунӣ ва рушду такомул ва пайванди фарҳангҳоро мавриди баҳс қарор дод.

Дар семинари мазкур ҳамчунин,  намояндагони дигар кишварҳои дӯст ва алоқамандони фарҳангу забони шарқ суханронӣ намуда, муаммои муколамаи фарҳангро, ки аз ҷониби намояндаи мо баррасӣ гардидааст,  муҳим хонда, ҳалли онро саривақтӣ ва муфид арзёбӣ намуданд. 

Шуъбаи иттилоот