Дастаи варзишкорони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ғолиби мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии “Ватанпарвар-2023”

Санаи 17 феврали соли 2023 бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва хештаншиносии ҷавонон, ҷалби бештари онҳо ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Мададгори мудофиа”-и шаҳри Бӯстон бахшида ба 30- солагии Рӯзи Артиши миллӣ дар толори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии “Ватанпарвар-2033” байни донишҷӯён ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии шаҳр ташкил ва баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур 3 даста аз ҳисоби донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, филиали Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ва шуъбаи маорифи шаҳр ширкат намуданд.

Мусобиқа аз рӯи шартхои гузориши дастаҳо, сафороӣ бо суруд, аз қисм ҷудо намудан ва ҷобаҷогузории силоҳи таълимӣ, пӯшидани ниқоби зиддигазӣ, ҷаҳидан ба дарозӣ, вазнбардорӣ, норинҷакпартоӣ ва донистани рутбаҳои ҳарбӣ доир гардид.
Дар натиҷа дастаи донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон сазовори мақоми аввал,
дастаи шуъбаи маорифи шаҳр сазовори мақоми дуюм ва дастаи филиали Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ дар шаҳри Бӯстон сазовори мақоми сеюм гардиданд.
Дар охир ба ғолибон Ҷом, медал ва сипосномаҳо тақдим карда шуд.