ИСЛОМ – НИҚОБЕСТ БАРОИ ИФРОТГАРОЁН

Дар ҷаҳони муосир терроризм ва экстремизм ҳамчун хатари   даҳшатноки ҷомеа дини исломро ба худ ниқоб карда, бо бозиҳои мазҳабӣ мехоҳанд мақсадҳои сиёҳи худро амали созанд.

Аз ин лиҳоз, мехоҳем ба ин масъала равшанӣ андохта мақсадҳои нопоки ифротиёнро ифшо намоем.

Минтақа ва ҷаҳони имрӯз ба ҳаводиси дахшатбори экстремизм, радикализм ва терроризми динӣ – маҳзабӣ рӯз дар миён дар қолаби исломи сиёсӣ даргир мешавад ва мақомоти расмӣ, ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи маданӣ ва умуман мардуми минтақаҳои гуногуни ҷаҳон саъю талош меварзанд, дасти дарози ин даҳшатшиканиро бигиранд. 

Аммо чуноне ки шоҳидем, вазъ на танҳо беҳбудӣ намеёбад, балки рӯз ба рӯз дар қолабҳои нав муташанниҷтар мегардад. Тадбирҳое, ки иттиҳодияҳои сиёсӣ ва ҳар гуна эътилофҳои динӣ дар даҳ – понздаҳ соли охир меандешиданд ва манзур месозанд, бесамар буда, мушкил андар мушкилро дар фазо ва муҳитҳои иҷтимоӣ ва сиёсию маҳзабии манотиқи даргири Шарқи  ислои эҷод мекнад.

Ин ҳолати бӯҳронӣ, ки аз динмадорӣ ва маҳзабпарастии ҷомеаҳои суннатии шарқӣ маншаъ гирифтааст, ба самтҳои дигари хоҷагии халқи кишварҳои исломӣ латма ворид карда, пеши роҳи рушду тараққиро аз ҳар ҷиҳат мебандад. Воқеият ин аст, ки исломи сиёсӣ ба “бизнес” – и қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Ховари Миёна имрӯз, агар ба забони адабиёти ирфонӣ баён намоем, андар миёни обу оташ – имону яқин даргир шуда, ба бунбасти ақидагӣ, мафкуравӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ расидааст. Роҳи бунбастӣ, қабл аз ҳама, ба иллати мазҳабзадагӣ баъзе аз ҷомеаҳои Ховари Миёнаро дар инҳисор қарор додааст. Аз сӯи дигар, ноҷӯрӣ дар муносиботи сиёсӣва мазҳабӣ, ақибмондагӣ ва вопасгароӣ, нобоварӣ  ва адами эътимод ба якдигар,тавтеаталабӣ ва дассисабозӣ, ташхиси нодурусти равандҳои сиёси, муваффақ набудан дар самти идора ва мудирияти сиёсӣ ва динӣ, заъфи донишҳои илмӣ ва хурофотписандӣ дурнамои ҳамзистии давлатҳои арабӣ ва мусулмониро норавшан таллақӣ мекунад.

Воқеан, ҷомеҳои баъзе кишварҳои арабӣ – исломӣ, дар иҳисори бӯҳронҳои сиёси, мафкуравӣ ва маданӣ қарор доранд, аз даргирию низоъҳои рӯзмарраи динӣ – мазҳабӣ хаста шуданд. Илова бар ин, ба дунявият ва низоми сиёсии дунявӣ эътимод надоштан ва дар партави дин ва мазҳаби асримиёнагӣ, салтанат ва ҳукумат карданд, ки саранҷом ба таассуби мазҳабӣ мунҷар мегардад, асли фаъолияти қисмати зиёде аз давлатҳои исломиро ташкил медиҳад.

Мусаллам аст, ки танҳо низоми сиёсии дунявӣ, ки бар асоси донишҳои илмӣ ва тахассусӣ бунёд шудааст, метавонад ҷаҳони исломиро аз рӯёрӯйии ҳамарӯза бо хатарҳои глобалӣ ва даҳшатшикании исломи сиёсӣ наҷот диҳад.

Дар назариёту амалкардаҳои султадорони динӣ – мазҳабии мамолики Шарқи исломӣ,  исломи сиёсӣ ба унвони абзори муқаввои идеологӣ ва сиёсӣ дар муборизот ва муқовимот ба дунявияти  ғарбӣ довталабона тарғибу ташвиқ карда мешавад.

Мусаллам аст, ки космополитизми динӣ имконияти ғунҷонидани омили омоли миллиятҳо ва ақаллиятҳои этикиро надорад. Бинобар ин, қолаби маҳдуди андешаҳои ифротию радикалӣ,ки бар мунбои доктиинҳои шахшудаи динӣ – мазҳабӣ рехта шудааст, барои сохтмонт ҳувият ва давлатдориҳои миллӣ на танҳо мусоидат намекунад, балки ин қабил ҳувиятҳоро дар коми худ фурӯ мебарад.

Вазъи номутавозиниу ногувори иҷтимоӣ, фикрӣ, ақидатӣ, сиёсӣ, мафкураи манотиқи Ховари Миёна ва дар маҷмӯъ, Шарқи исломӣ баёнгари он аст, ки мафкураи динӣ – мазҳабӣ наметавонадба таври бояду шояд оромишу субот, сулҳу амният ва ҳамбастагию ҳамзистии ҷомеаҳоро таъмин намояд. Вазъи ногувори рӯҳию равонӣ, иҷтимоию сиёсӣ ва ташвишҳои пайвастаи аҳолии мамолики мавриди назар дар ҷабини ҳар як фарди ин митақаҳо ҳувайдост.

Аз назари стратегия ва тактикаи сиёсию геосиёсӣ қартаи ба ҳам шӯронидани давлатҳои арабӣ ва исломӣ ба манфияти сенариясозони бозиҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ аст, ки исломи сиёсиро ба масобаи бомбаи мафкуравӣ ва фикрӣ ба кор андохта, кишварҳои исломиро ноором ва бесубот месозанд. Ҳадафи стратегии пружаи исломи сиёсӣ, ки сенария ва режиссураи хориҷӣ дорад, дар муҳитҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ роҳандозӣ кардани исломи сиёсӣ ва аз ин тариқ ба сатҳи мафкураи давлати баровардани он маҳсуб меёбад.

Даргир намудани мардум аз тариқи бозиҳои мазҳабӣ ва бозори кашмакашу ихтилофоти динии минтайаҳоро “гарм” нигоҳ доштан вазифа ва фунсияи аксари пружаҳои пасипардагӣ мебошад.  Илова бар ин, харҷу марҷи дохилӣ дар ин манотиқ, ки бар асари суннатпарастӣ ва вопасгарони лидерони сиёсию диннии онон иттифоқ афтодааст, бӯҳронҳои сахти ахлоқӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ, иқтисодӣ, молиявӣ, динӣ ва фарҳангиро тавлид намудааст.

Истифода аз дақиқтараш, сӯистифода аз фактори дин ва мазҳаб мамолики зиёди мусулмонониро ба ҳоли табоҳ расонидааст. Мисоли равшани онро дар ҳоли табоши Афғонистони ҷангзада метавон мушоҳида кард ва аз он ибрат гирифт. Исломи сиёсӣ, эътилофоти исломӣ, аҳзоби исломӣ,ки дар Афғонистон фаъоланд, наметавонад омили субот ва амнияти кишвар бигардад. Баръакс, дар муносибати иҷтимоӣ ва сиёсӣ ихтилофот рғз барӯз авҷ мегирад. Гурӯҳҳои дигари исломӣ, мисли “Толибон” ва “ДОИШ” табоҳияти тому тамомро дар минтақа “таъмин” мекунад.

Имрӯз фарҳанг дар низоми сиёсии дунявӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайи сохтмони он қадамҳои устувор мегузорад, ба унвони мафкураи ҳамагир ва фарогир метавонад тамоми мардумро новобаста аз адёну мазоҳиб ва миллияту халқият ба ҳам биёварад, муттаҳид кунад ва роҳро барои мукомилаву ҳамдигарфаҳмии гусурдаи миллию мардумӣ ҳамвор созад.

Усмонов Ш

сардори БИСТ