МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ-ИН АМАЛИ МУҲИМ ВА БАМАВРИД АСТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавриди худшиносии миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ, парастиши хислатҳои наҷиби инсонӣ, дӯстиву рафоқат, дури ҷустан аз хиёнат ба Ватану давлат борҳо аз минбарҳо баромад менамояд, ки тасдиқи ин ҳама гуфтаҳои болоӣ ин муборизаи дастаҷамъона нисбати терроризм ва ТТЭ ҲНИ ба шумор меравад. Имрӯзҳо терроризм дар ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои осоиштагиву амнияти миллӣ таҳдид эҷод менамояд.

Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки гурӯҳҳои ифротгароӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз номи ҳар дину мазҳаб ва ҳар қавму миллат сӯистифода доранд. Аз ин сабаб нисбати дарёфти роҳу усулҳои решаканкунии ҳама гуна зуҳуроту терроризм ва ифротгароӣ, ки аз амалҳои зиддиинсонӣ мебошад, даъват карда мешавад, ки ин иқдом дастаҷамъона амалӣ карда шавад.

Барои пешравии миллати хеш ҳар як шахс метавонад, саҳми арзандаи худро дошта бошад. Барои саҳмгузорӣ ба ин амали шоиста мо-омӯзгоронро зарур аст, ки дар раванди таълиму тарбияи насли наврас, ҷавонону толибилмон бо тамоми ҷиддият ва масъулият рафтор намоем. Дар дарсҳои соатҳои тарбиявӣ дар самти вусъати ташаккули шуури сиёсӣ ва маърифатӣ –маънавии донишҷӯён кӯшиш ба харҷ диҳем. Нерӯи дарки ҳисси муҳаббат ба халқу Ватани худ, ҳимояи ҳар як ваҷаб хоки муқаддаси Ватан, таҳкими сулҳу субот ва ягонагиву ваҳдати миллиро бедор созем ва ҷавонмардори ватанро бо ахлоқи ҳамида ва бунёдкориву созандагӣ раҳнамоӣ намоем.

Хушбахтона зирракии сиёсии Пешвои миллат ва хиради азали миллати тоҷик ба мо имкон фароҳам овард, ки мо аҳли хирад сафедро аз сиёҳ фарқ карда, барои ба роҳи рост ҳидоят намудани ҷавонон саҳм гузошта бошем.

Шамсидинова М.Д.