Инъикоси масъалаҳои стратегии рушд оид ба Паёми навбатии Пешвои миллат дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд

Имрӯз дар маҷлисгоҳи калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд бо иштироки гурӯҳи корӣ зери Роҳбарии собиқадори ҳизбиву давлатӣ Назира Ғафорӣ., Раиси КИ ХХДТ дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар., корманди Шӯрои ХВМ ва ЭТ дар вилояти Суғд Ҷабборова Д., ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон н.и.и., дотсент Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ., муовини директори Донишкадаи такмили ихтисос дар вилояти Суғд Шавкат Рустамов., ғолиби озмуни ҷумхуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ”, дотсенти ДКМТ дар шаҳри Бӯстон Осими Оқил баргузор гардид, ки дар рафти чорабинии мазкур нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат Раиси ХХДТ Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Милли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро бори дигар ба самъи иштирокунандагон расонида, андешаҳои худро низ дар ин самт ироа намуданд. Ҳамзамон муроҷиат гардид, ки донишҷӯён савияи дониши худро баланд бардошта, ҳушёрӣ ва зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд.