Шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли ҷамоатчигии ноҳияи Б. Ғафуров

Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи кумиҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар вилояти Суғд ноҳияи Б.Ғафуров  оид ба  шарҳи  моҳият ва  мӯҳтавои  Паёми Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои миллат  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асоси сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат” мулоқоту вохӯриҳо бо аҳолӣ ва кормандони маориф ва илм, собиқадорони меҳнат, соҳибкорон, ҷавонон, варзишгарон ва бонувони соҳаҳои  мухталифи ноҳия  баргузор гардидаистодааст.

Гурўҳи корӣ бо роҳбарии н.и.и., дотсент Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ-ректори Донишкадаи кўҳию металлургии Тоҷикистон,

Анварзода Амирҷон – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Б.Ғафуров

Зоҳидов Олимҷон Алиҷонович –сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд,

Саидов Саидумрон –дотсенти Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров»

Раҷабова Зулфинисо –дотсенти кафедраи зоологияи МДТ «ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров»

Дадобоева М. –директори маркази таълимии шаҳри Хуҷанд, аъзои КИМ ҲХДТ фаъолияти худро санаи 01.02.2021. оғоз намуданд. Гурӯҳи корӣ зери роҳбарии муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ нахуст бо сокинони ҷамоати Хистеварз, маҳаллаи «Дўстӣ», ҷамоати Хистеварз, маҳаллаи «Ҳавузаки поён», ҷамоати Унҷӣ, маҳаллаи «Арбоб», ҷамоати Унҷӣ, деҳаи “Унҷӣ” корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро шарҳу тавзеҳ доданд.

Дар ҷараёни маҷлис суҳбати озод бо сокинони маҳаллӣ ва гурӯҳи тарғиботи сурат гирифт, ки аҳли ҷамоатчигӣ ба ҳама суолҳои хеш посух дарёфтанд.