Ҷаласаи Шӯрои занҳои ДКМТ гузашту Самадова Г.М. раиси нав интихоб гардид

Дар толори хурди донишкада, ҷаласаи Шӯрои занҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он ҳамаи масъулон ва бонувони донишкада ширкат варзиданд. Нахуст, дар толор барои нигоҳдоштани  поси хотираи бонувони аз пендемия фавтида дар ҳамин давра, лаҳзае дақиқаи хомӯшӣ эълон гардид, сипас муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлуда суханронӣ намуда, баъзе масоили ҷориро мавриди баррасӣ қарор доданд, мегӯяд раиси Шӯрои занони факултети электромеханика Норбобоева Гулмира.

Дар ҷаласаи имрӯза ҳамчунин, раиси нави Шӯрои занони донишкада Самадова Гулӣ низ ба бонувон муаррифӣ карда шуданд.

Ҳамзамон, барои дастгирӣ намудани ятимони кулл ва дигар камбизоатҳо, омодагӣ ба ҷашнҳои миллӣ ва 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба бонувон дастур дода шуд, то дар ин давра фаъолияти хешро пурсамар намоянд.

Дар мавриди риояи сару либоси миллӣ низ вазифагузориҳо сурат гирифт, ки минбаъд Шӯрои занони донишкада дар ин масъала пайваста фаъолияти худро ҷоннок менамояд.

 М. Сайидзода