ИНТИХОБОТИ ШАФФОФ ВА ОЯНДАСОЗ

Дар таърихи 1-уми марти соли равон дар кишвар рӯзи интихобот оид ба интихоби вакилон ба Маҷлиси намояндагон, маҷлиси вилоятӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ баргузор гардид. Бо садо додани садои Суруди миллӣ дар тамоми участкаҳои интихоботӣ раъйдиҳии сокинон ба вакилон ва шахсони боварибахши кишвар ҷараён гирифт. Ҳама субҳи барвақт бо як нияту ормонҳои накӯ ва даст удили гарм ба хотири фардои созандаву ободгарои кишвар ба интихобот ҳозир гардиданд. Аз рӯи мушоҳидаҳо бар меояд, ки мардуми сарбаланди кишвар ин рӯзро бо руҳияи баланди худогоҳиву хештаншиносӣ ва ҳифзи якпорчагии Тоҷикистони азиз пешвоз гирифтанд. Аммо тавассути шакаҳои иҷтимоӣ мусоҳибаи собиқ роҳбари ҳизби экстремистиву террористии наҳзати ислом нашр гардидааст, ки ин боз ҳам аз гумони бад доштан, бадхоҳи ин миллату давлат будан, надонистани арзишҳои милливу динии кишвар, поймол кардани обрӯву нуфуз ва шарафи мардуми тоҷикро бозгӯ кардааст. Бузурге беҳуда нафармудааст, ки:

                              Хар чӣ донад маззаи қанду набот,

                              Турбаи ҷав бошаду кунҷи работ.

Мардуми шарафманди тоҷик хуб огоҳ аст ва медонад, ки ҳизби террористии наҳзати ислом хушбахтона аз ҷониби Суди Олии мамлакат фаъолияташ манъ карда шу два дигар ба мавҷудият ва фаъолияти ин ҳизб дар кишвар эҳтиёҷ нест. Мардуми тоҷик мусулмонанд ва арзишҳои милливу динии худро хуб дарк мекунанд. Набудани ин ҳизби оламсӯз дар кишвари мо оромиву ободӣ, осудагии пиру барноро овард. Фирефтагони ҳизби мазкур мехоҳанд дар тамоми олам бонги худро баланд кунанд, нола кунанд, то падарони сармоягузорашон боз чор танга ба коми ҳариси онҳо резад, ки овози нофорамашон паст шавад, аммо ин гумони бад ва фарёду бечоранолиҳои онҳо дигар ба гӯши хоҷагонашон намерасад, зеро онҳо нав дарк кардаанд, ки ҳизби сарпаратӣ кардаашон хунхортарин ҳизб дар рӯи олам аст, ки ба ҷуз бечорагиву афтодагӣ ақибмонии иқтисоду фарҳангӣ, ятим мондани кӯдакони кишварҳо чизи дигаре ба ҷомеа дода наметавонад.

          Бо ташкилоти ҷадиде бо унвони Паймони миллӣ ташкил кардаанд, ки гӯё ин ташкилоти онҳо ба ҷомеа дар бораи ҳифзи арзишҳои миллӣ дарак медиҳад. Афсӯс, сад афсӯс, ки доғе ки дар синаҳои бирёни халқи ситамдидаи тоҷик аз дасти ин лаънаткардаҳо афтод ҳеҷ гоҳ то таърихи миллат боқист онро касеву чизе зудуда карда наметавонад. М.Кабирии чоплус иттило додааст, ки гӯё дар кишвар онҳо метавонистанд нисбат ба пешбарии «Паймони миллӣ» ташаббус нишон диҳанд ё пешбарӣ кунанд, аммо ӯ зид баромадааст, ки интихобот шаффоф намегузарад. Бисёр хандаовар аст. Охир имрӯз ки метавонад, ки бо дасти худ хонадонашро оташ занад, кӣ мехоҳад, ки фарзандони бо ноз парваридаистодаашро ятим гардонад, кӣ мехоҳад, ки кишвари худро аз лиҳози техникиву иқтисодӣ ва фарҳангиву илмӣ ақибмонда бинад? Кӣ? Ҳеҷ кас! Чунин мусибатҳои сангину ноҷавонмардонае, ки ташкилкунандагони ин ҳизб овони дар сари қудрат буданашон барои ҷомеаи Тоҷикистон оварданд ҳамин кифоя аст, ки садсолаҳои дигар аст, ки он талафоти ҷониву молиро барқарор кунем. Беҳтарин шахсиятҳои миллатро ҳамин ҳизби хунхор ба коми марг кашид, амал кардани ҳамин нерӯи аҳриманӣ буд, ки дар ҷаҳон ғарибони кишвар дар хоки афғон бо ғурбат ҷон ба ҷонофарин супурданд. Фардо ташкилкунандагони ҳизби наҳзати манъшуда дар қиёмат тарозуи аъмолашон чӣ нишон медода бошад?!

          Ростӣ агар ҳар фарде, ки бо чашми сар дид ва ба шахси интихоб кардаву ҳизби пазируфтааш овоз дод, бемуҳобо аз оромиву осудагӣ амну суботи кишвар хуб дарк мекард ва шукрона аз фазои осудаву ободи ин диёр менамуд. Ягон нафарро маҷбур ба ин ҳизб ё он ҳизб овоз деҳ гуфта касе маҷбур накардааст, зеро мардуми сарбаланди мо хуб медонад, ки нек чисту бад чист. Мо як маротиба ба коми аждаҳои ноумедӣ фурӯ рафтем, ин кифоя аст. Заҳри мори афъии ҳизби ноумедсози наҳзат заҳри андешаҳои нопокеро дар вуҷуди пиру барно пош дод, ки аксарашонро ба доми маргу ғарибиву нотавонӣ афтоданд.

          Дар хоки Суриёву Ироқ ҷон ба ҷонофарин супурдани фирефташудагон, ки аксарашонро ҷавонон ташкил медоданду таҳти унвони ҷиҳод ҷонро ба ҳақ таслим карданд, ҳама аз ақидаҳои хурофотӣ ва русиёҳии ҳизби мазкур сарчашма мегирад. Ҳизби наҳзати ислом буд, ки онҳоро фирефтаи доми марг намуд ва онҳо имрӯз зану фарзандонашон дар биёбонҳову зиндонҳои Сурияву Ироқ ғарибу бенишонгаштаанд.

          Интихоботе, ки дар таърихи 1-уми марти соли равон баргузор шуд шаффоф, содиқона, боадолатона ва дурандешона сурат гирифт. Андешаҳое, ки М.Кабирӣ баён кардааст, андешаи шахсии ӯст, ки аз ифротӣ буданаш дарак медиҳад. Мо халқи сулҳхоҳи тоҷик кишварамонро дӯст медорем ва муқаддасоти сарзаминамонро ҳифз мекунем.

                                                                                                  Осими Оқил

омӯзгори ДКМТ