Имрӯз, мудири кафедраи металлургия ва технологияҳои заргарӣ, Раиси шурои олимони ҷавони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон олими ҷавон ва фаъол, меҳандӯст Раҳимзода Ҳаёт дар ҷаласаи навбатии Шурои кор бо ҷавонони назди Раиси вилояти Суғд ширкат варзида, роҷеъ ба дастгириҳои давлат нисбат ба ҷавонон суханронӣ намуда, таъкид варзид, ки сиёсати ҷавонпарваронаи Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба камол расидани ҳазорҳо мутахассисони ҷавон заминаи мусоид фароҳам овардааст…
Ёдрас мешавем, ки Раҳимзода Ҳаёт ҳамчун пажӯҳишгари ҷавон дар рушди илм саҳми арзишманд гузошта, аллакай чандин патенту намунаҳои ихтирооташ дар корхонаҳои истеҳсолӣ мавриди амал ва баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Ёдрас мешавем, ки дар ҷаласаи мазкур ректорони муассисаҳои олии вилоят аз ҷумла ректори Донишкада яке аз олимони фаъол ва меҳнатдӯст, олими сермаҳсул профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва дигар фаъолону пешоҳангон низ иштирок намуданд.
Шуъбаи иттилоот

