Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд 12 май дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими супоридани гувоҳнома ба иштирокчиёни Ҳафтаи иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор шуд.
Чорабинии мазкур дар доираи Моҳвораи ҷавонон доир гардида, ҳадафи он ҷалби ҷавонони фаъол ба раванди идоракунӣ, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва тақвияти малакаҳои роҳбарии онҳо арзёбӣ мегардад.
Зимни баргузории чорабинӣ 2 нафар донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, ки дар Ҳафтаи худидоракунӣ фаъолона ширкат намуданд аз ҷониби Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода бо гувоҳномаҳо ва туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ректори Донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ донишҷӯёнро ба ҳузур пазируфта, бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.
Шуъбаи иттилоот

