РАДИОИ “ОЗОДӢ” ВА КАБИРИИ ТЕРРОРИСТ ДУ ПАҲЛӮИ ЯК ҲАДАФИ ТЕРРОРИСТӢ

Абарқудратҳо ва давлатҳои манфитахоҳ ҳамеша талош менамоянд, ки бо ин он роҳ ба ҳаёти сиёсӣ ва мардуми кишварҳои хурд таъсир расонанд ва барои ба мақсад расидан ва мутеъ сохтани ин ё он давлат ва ё ба ибораи дигар вобаста гардонидани ин ё он давлат ва дар арсаи байналмилалӣ паст нишондани мавқеи он аз ҳама воситаҳо истифода менамоянд ва  кӯшиш мекунанд, ки ба ҳадафи худ расанд.

Тавре ки маълум аст, дар асри 20-ум ҷанги сард вуҷуд дошт, ки миёни абарқудратҳо бо ҳамлаҳои иттилоотӣ шуҳрат дошт ва он ҷо аз оддитарин ангеза як гузориш ва ё як хабари муболиғанагезу бадвоҳима омода мекарданд ва мехостанд, ки дар миёни ҷомеа дигарандешӣ ва ҷудоӣ пайдо шавад.

Албатта дар ин кор бештар пойгоҳи хабарии “ББС” ва Радиои “Озодӣ” муваффақ буданд ва ҳамеша ҳамон хабарҳои фейкро нашр мекарданд ва ҳамин гуна, ҷомеаро ба гумроҳӣ мебурданд, ки имрӯз ҳам ин корро анҷом додаистодаанд.

Дар баъзе кишварҳо ба хотири пешгирӣ аз чунин низоъафканиву пошидани тухми кинаву адоват ва бедор намудани низоъҳои қавмиву маҳаллӣ пойгоҳи хабарии радиои “Озодӣ”-ро расман манъ карданд ва фаъолияташро боздоштанд. Зеро моҳият ва ҳадафи аслии ин расонаи террористпарвар ва низоъандозу иғвобарангезро дарк карданд, аммо намедонам чаро дар кишвари мо то ҳанӯз ба ин масъала таваҷҷуҳ нашудааст. Албатта як сабаб ин беҳад демократӣ будани ҷумҳурии мо мебошад ва баъзан бегонаҳо аз ҳамин ҳолати демокративу озод истифода намуда, мехоҳанд ҳамон мақсадҳои нопоки худро амалӣ созанд. Аммо демократӣ будан маънои онро надорад, ки бояд ин ҷо иғвогарону фитнаандозон ба тарғибу ташвиқи террористону иғвобаргезон машғул шаванд…

Радиои “Озодӣ як рӯз қабл аз интихобот барои афкори ҷомеаро тағйир додан ва халал расонидан ба раванди интихобот дар кишвар бо роҳбари террористони наҳзатӣ ва ТТЭ ҲНИ М. Кабирии малъун ва палид мусоҳиба орост, ки дар он Кабирии палиду малъун бештар раванди интихоботи баргузорнашударо ташреҳ медод ва суханбозӣ мекард.

Ӯ аз ҷумла иброз дошт, ки “ назари мо ин аст, ки ин поёни ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдат ва як ҷомеаи гуногунандеш аст ва оғози рафтани кишвар ба самти диктаторӣ ва якҳизбиву якнафарӣ”.

Вале ин аблаҳи олами терроризм ва ифротгароӣ ғалат мекунад, ки яккаҳизбиву якнафарӣ танҳо хоси наҳзатиён аст, ки инак чандин сол аст, фақат Кабирии палиду касиф роҳбарии ТТЭ ҲНИ-ро бар дӯш дорад ва ҳеҷ дилаш ҳам намешуд, ки роҳбарии ин ташкилоти террористиро ба касе дигаре бисупорад.

Ҳамчунин Кабирии хоин ва палид фаромӯш кардааст, ки ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро маҳз дар кишвар ҳамин наҳзатиёни малъун ба ҳам зада буданд ва аз сарсониву соддагии мардум истифода карда, ҷанги таҳмилиро дар кишвар ташкил карданд ва имрӯз ин тоифаи бадкеш аз ваҳдат сухан меронанд, дар ҳоле, ки бо талошу кӯшишҳои Сарвари давлат дар кишвар ваҳдати миллӣ таҳким ёфт ва ҷомеа ба самти ободониву осоудагӣ қадам ниҳод.

Пас ин ҷо куҷои поёни ваҳдату ҳамдигарфаҳмист?

Ҳоло интихобот баргузор нашуда буд, ки ин Кабирии палид ва касиф бо журтеррористони “Озодӣ” мусоҳиба оросту ин сухани авбошонаву иғвобарангезонаи худро гуфт, то дар ҷомеа нобоварӣ ва низоъ ба вуҷуд орад.

Лек мардуми тоҷик ба ин сафсатаву афсонаҳои иғвобаргезонаву жожгунаи Кабирии палид бовар накарданд ва бо як муҳаббат ва садоқат ба ояндаи дурахшони кишвар ба интихобот ташриф оварданд ва дар овоздиҳӣ ширкат карданд, ки худ нишони ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмии ҷомеа мебошад.

Ҳамин қадар хулоса кардан мумкин аст, ки барои ҷомеаи кишвар ҳам Радиои “Озодӣ” ва ТТЭ ҲНИ ва роҳбараш кабирии манфур ҳарду як мақсад доранд ва ин ҳам бошад гумроҳу сарсон кардани миллати тоҷик ва мешавад ин ҳардуро ду паҳлӯи як ҳадафи бад ном бурд.

Акнун пас аз ин ҳол бояд ҷомеаи тоҷик ба ин иғвобарангезону авбошон ва наҳзатиҳои лаин санг зананд ва ба ин тоифа лаънат хонанд.

Аз ҷомеаи равшанфикр ва зиёӣ талаб мешавад, ки фаъолияти иғвобарангезонаи радиои “Озодӣ”-ро омӯхта барои манъи фаъолияташ дар кишвар ба мақомоти дахлдор муроҷиат кунанд, зеро ҷомеаи тоҷик ниёз ба чунин пойгоҳи ба ном хабариву дар асл иғвобарангезу фитнаангез надорад.

Меҳвар Абдусаломов

Омӯзгори ДКМТ