ИЗҲОРОТИ УСТОД ПАРВИЗИ МАШҲУР: ҚИРҒИЗҲО БОЯД ВОҚЕИЯТИ ТАЪРИХИРО ФАРОМӮШ НАКУНАНД!

Тавре, ки мо хуб медонем дар чанд соли охир муносибати кишвари ҳамсоя нисбати заминҳои назди сарҳадӣ сард гардида, дар айни замон кишвари ҳамсоя мехоҳад, заминҳои мутааллиқ ба кишвари моро аз они худ кунад ва барои ин аз правакаторони ҳирфаӣ ва майдони ВАО-и фалаҷи худ истифода менамояд.

Чуноне, ки маълум аст, ВАО-и қирғизистон комилан фалаҷ гардида, феълан рисолати худро аз даст дода, барои гурӯҳҳо хизмат мерасонад ва ба нашри маълумоти бардурӯғу фитнаангез машғул аст. Онҳо барои вазъро бадтар нишон додан ва ба ҳамин восита ноором кардани минтақа, мехоҳанд заминҳои назди сарҳадиро аз они худ кунанд, ки албатта аз ин макри қирғизҳои саҳроӣ мо кайҳо боз огоҳ ҳастем.

Аз ин лиҳоз ба мардуми ҳамсоя гуфтани ҳастем, ки “зӯри беҳуда миён шиканад” ва ин бесабаб нест. Мо ҳаргиз имкон намедиҳем, ки дар минтақа фазои ноором ва носозгор ҷойгузин бошад, аммо тарафдори он ҳам нестем, ки муносибати сардро бо ҳамсоя дошта бошем.

Мо, ҳамсоягони худро қадр мекунем ва ба фаҳму дарки фарҳангии қирғизҳо, ҳадди дониши қабилаи қирғиз баҳои мусбӣ дода, умеди онро дорем, ки фарҳангу маданият дар ин кишвари ҳамсоя рушд намуда, феълу одатҳои қабилавӣ ва асримиёнагӣ аз байн мераваду қирғиз ҳамчун қабилаи ҳамаср баромад мекунад.

Мо, тӯҳматҳо ва тавтеаҳои ҷониби қирғизистонро, ки аз хӯӣ қабилавӣ сар мезанад, маҳкум намуда, қирғизҳоро ба муносибати дуруст ва фарҳанги воло ҳидоят мекунем.