ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАШКИЛИ ҲАМЛУ НАҚЛ: БА ҚАДРИ ҲАР ЯК ЛАҲЗА БОЯД РАСИД

Ҳамон гуна, ки маълум аст дар чанд соли охир вазъи  ҷомеаи ҷаҳонӣ бамаротиб муташанниҷ гардида, оромиву суботи комил дар ақсои олам ба таври комил вуҷуд надорад. Чандин кишварҳое ҳастанд, ки комилан фазои сулҳу салоҳро надоранд ва шаҳрвандонаш дар шароити бисёр ҳам вазнин зиндагӣ мекунанд.

Мисоли ин гуна кишвари нооромро мо метавонем дар ҳамсоякишвари худ Афғонистон бубинем, ки чӣ тавр мардуми ин кишвар чандин сол боз дар орзуи сулҳу оромӣ ба сар мебаранд ва аллакай як насл ин орзуро ба хок низ бо худ бурд.  Аммо ин ягона кишваре нест, дар чунин ҳолати вазнин қарор дошта бошад. Дигар кишварҳои Аврупои шарқӣ ва Ховарро низ метавон мисол овард, ки айнан ҳамин ҳолро доранд.

Шукрона, ки имрӯз кишвари Тоҷикистон дорои сулҳу оромӣ ва имкониятҳои хуби соҳибистиқлолӣ мебошад.  Мардум дар шароити сулҳу салоҳ ва оромиву ваҳдати комил зиндагӣ мекунанд, ки аз дида беҳтарин неъмате нест.

Ҳоло душманону бадхоҳони миллат ба ҳамин суботи оромии кишвар чашм дӯхта мехоҳанд бо роҳи гумроҳ сохтани миллат ҳаминро ҳам аз мардум бигиранд ва шаҳрвандонро сарсону саргардон намоянд, ки набояд ба ин роҳ дод.

Мо устодони кафедра ин амалҳои душманону бадхоҳони миллатро маҳкум намуда, ба ҷавонон тавсия додани ҳастем, ки ба қадри ин тнеъмати бебаҳо бирасанд.