ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАШКИЛИ ҲАМЛУ НАҚЛ: САФАРҲОИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ РОБИТАИ ТОҶИКИСТОНРО БО КИШВАРҲОИ ХОРИҶӢ ТАҚВИЯТ МЕДИҲАНД

Тавре ки медонем, ки Пешвои муаззами миллат ба кишварҳои Аврупо сафар намуданд ва дар доираи ин сафари расмӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чанд давлати аврупооӣ дидан мекунанд.

Аз ҳамин сафари Пешвои муаззами миллат ҳам гурӯҳҳои ифротӣ ва аъзоёни ТЭТ ҲНИ ҳангома сохта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаргуна матлабҳои бардурӯғ ва иғвобарангез нашр мекунанд, ки мардуми кишварро гумроҳ созанд. Маълум аст, ки аъзоёни ТЭТ ҲНИ бо супориши хоҷагони хориҷияшон амал мекунанд ва барои дар арсаи байналмилалӣ паст намудани мақоми Тоҷикистон кӯшиш мекунанд. Онҳо душманони миллати тоҷик буда, барои гумроҳ сохтани миллат аз тамоми имкониятҳояшон истифода мекунанд.

Аммо набояд фаромӯш кард, ки ҳар як сафари Пешвои муаззами миллат ба давлатҳои хориҷа бар манфиати кишвар ва миллати тоҷик буда, робитаҳои Тоҷикистон бо дигар кишварҳо густариш меёбад.

Аз ин лиҳоз ба ҷавонон ва шогирдон гуфтанӣ ҳастем, ки ба ҳар гуна сафсатаҳои ин гурӯҳҳои ифротӣ дода нашаванд, зеро онҳо дар пайи гумроҳ намудани миллати тоҷик ҳастанд.

Мо устодони кафедра ин рафтори гурӯҳҳои ифротӣ ва аъзоёни ТЭТ ҲНИ-ро маҳкум намуда, ба ҷавонон гуфтани ҳастем, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва дар пайи ободии кишвари азизамон камар банданд.