ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАШКИЛИ ҲАМЛУ НАҚЛ: ХАТАРҲОИ ҶАҲОНИ МУОСИРРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ

Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои муҳими илмҳои сиёсӣ мебошад. Аз ин рӯ дар тамоми ҷаҳон марказҳо ва донишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ ба омӯзиши ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ равона гардиданд. Дар ин радиф ҷараёни экстремизми сиёсӣ ва терроризми сиёсӣ пешсаф аст. Экстремизми сиёсӣ аслан аз ғояи фаъолияти канорае таркиб ёфтааст, ки одатан тавассути зӯроварӣ барои воқеӣ гардонидани ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешавад. Аз ин хотир, зарурати дарки амиқ ва фаҳмиши васею ҳамаҷонибаи он ба пеш меояд. Бинобар ин, таҳқиқ ва баррасии экстремизм- зинаи аввали инкишофи гурӯҳҳои канориро ташкил менамояд.

Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ ва ҷангҷӯёна дорад. Ин амалу зуҳуротҳои он  дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш таъсир расонида метавонад.

Мо устодони кафедра ин ҳама хатару падидаҳои номатлуби асри навро ба таври комил маҳкум менамоем!