ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ИДОРАКУНӢ: ТЕРРОРИЗМРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ

Имрӯзҳо дар ҷаҳон шаклҳои гуногуни терроризм ва экстремизм зуҳур намудааст, ки ҳар яке бо шаклу шеваи хос ба ҳаёти башарият хатарҳои навро таҳдид мекунад. Аслан зуҳури чунин падидаҳое бар зидди инсоният равонагардида аз чанд ҷиҳат бар хилофи арзишҳои инсонӣ мебошад.

Зеро ҳамаи ин падидаҳои номатлуб ва равандҳои нодурусту ҷиноятпеша, ба мафкураи инсон таъсири манфӣ мерасонад ва инсониятро аз ҳаёти осоишта маҳрум месозад, ки ин қобили қабул нест.

Дар чанд соли охир чунин гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ зиёд гардидааст, ки имрӯз аксарияти расонаҳо дар сархати худ аз куштору даҳшатафкании террористону ифротгароён хабар медиҳанд, ки оқибати онқадар нек надорад.

Қабл аз ҳама ин падидаҳо дар арванди шаклгирии насли наврас халал мерасонад ва ба тарбия таъсири манфӣ мерасонад, ки бояд пеши роҳи ин хатарҳо гирифта шавад.

Мо устодони кафедра ин зуҳуроти номатлуби асрро ба таври комил маҳкум намуда, ба ҷаҳониён гуфтанӣ ҳастем, ки дар мубориза бо терроризм ва экстремизм бояд дасткӯтоҳ набошем.