ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА КОРҲОИ НАФТУ ГАЗ: ТЕРРОРИЗМ ХАТАР БАР ҶОМЕА

Дар чанд соли охир зиёд гардидани аъзоёни созмони террористии “Давлати исломӣ” ва зуд доман паҳн намудани ин ташкилот дар чанд давлати ҷаҳон гувоҳ бар он аст, ки имрӯзҳо дар ҷаҳон терроризм басуръат рушд менамояд. Зеро амалҳои террористии содир намудаи аъзоёни созмони террористии “Давлати исломӣ” аз ваҳшонитарин ва даҳшатноктарин дар ҷаҳон мебошад ва аз чӣ бошад, ки ба ин масъала созмонҳои байналмилалӣ камтаваҷҷуҳ гардидаанд.

Ҳамон гуна, ки маълум аст, дар чанд соли охир доманаи фарогирии аъзоёни ташкилоти террористии “Давлати исломӣ” зиёд гардида,  ҳоло на танҳо дар Ироқу Сурия, балки дар Яману Афғонистон низ дида мешаванд ва дар ин кишварҳо амалҳои террористиро мегузаронанд, ки бисёр ҳам ваҳим аст.

Зеро рӯз аз рӯз аъзоёни созмони террористии “Давлати исломӣ” зиёд шудаистодааст, ки  ин бисёр ҳам хатари бузург бар ҷомеа мебошад.

Мо устодони кафедра зуҳури ҳамагуна гурӯҳҳо ва созмонҳои ифротиву террористиро комилан маҳкум менамоем.