ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ УМУМИТЕХНИКӢ: ФАРҲАНГИ ҲАМСОЯДОРӢ БОЯД РИОЯ ШАВАД!

Имрӯзҳо дар расонаҳо мефаҳмем, ки сарбозони кишвари ҳамсояи мо Қирғизистон ҷоҳилонаву разилона рафтор намуда, ба тарафи сокинони осоишта аз силоҳ оташ кушодаанд, ки ин амали нодуруст мебошад. Зеро минтақаҳои наздисарҳадӣ, то кунун мавриди баҳс қарор дорад ва дар он ҷо сарбозони қирғиз ҳуқуқи ба сари аҳолии осоишта оташ кушоданро надоранд.

Дигар тарафи масъала ин аст, ки ба ҷуз аз муқаррароти байналмилалӣ  мо мардуми ҳамсоя ҳастем ва бояд фарҳанги ҳамсоядорӣ риоя шавад. Зеро  дар акси ҳол мо низ метавонем баръакс  амал намоем, ки дар ин ҳол бар зарари худи қирғизҳо хоҳад буд ва бояд қирғизҳо одоби ҳамсоядориро риоя кунанд.

Мо, омӯзгорони кафедра тарафдори сулҳу дӯстӣ ва бародарии ҳамсояҳо дар минтақа ҳастем ва ба ҳамсояҳои қирғиз гуфтани ҳастем, ки одобро рияо кунанду инсон буданро фаромӯш насозанд!