ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ СОХТМОН ВА КОРҲОИ МАРКШЕЙДЕРӢ: НИҚОБИ НАҲЗАТИЁН АФТИД!

дар ҳошияи навори нашрнамудаи Д. Атовулло дар бораи раиси террористони наҳзатӣ М. Кабирӣ

Ба наздики яке аз мухолифони муқими Аврупо Д. Атовулло  навори гуфтугӯйи роҳбари террористони наҳзатӣ М. Кабириро бо зане нашр намуд, ки аз шунидани ин суханҳо инсон ба ҳайрат меояд. Наход наҳзатиён  ҳамон намояндагони ҳизби ба ном исломӣ то бад ин ҳад манфур ва басиришт бошанд?

Раиси ТТЭ ҲНИ М. Кабирӣ, ки гоҳ аз демократияву гоҳ аз ислом мегӯяд, чаро бо ин лаҳни дурушт ва қабеҳ бо зан рафтор мекунад?

Оё ҳамин рафтор худ поймолсозии ҳуқуқи зан ва беэҳтиромӣ нисбати ҷинси муқобил нест?

Оё дини ислом ҳам таҳқири занро манъ накардааст?

Ё ин ки исломӣ мегуфтаи Кабирӣ, демократияи мегуфтааш тамоман дигар асту бар пояи ақоиди террористӣ сохта шудааст?

Инро мегӯянд афтидани ниқоб аз чеҳраи  раиси наҳзатиён, ки чӣ буданашону дар минбар дигару дар рафтор дигар кас буданашонро ифшо сохт. Ин аст, ҳақиқати наҳзатиёни манфур ва зиштсират, ки имрӯз бараъло мушоҳида шуд.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душманони миллати тоҷик, наҳзатиёни манфурро маҳкум намуда, бар онҳо лаънат мехонем!