ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА КОРҲОИ НАФТУ ГАЗ: М. САДРИДДИН ҚАЛЛОБИ АЙЁР!

Ҳоло дигар тамоми расонаҳо ва ҳама он шабкаҳои иҷтимоӣ аз қаллобии як нафар авбош ва хоини миллат, ки бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин машҳур аст, мегӯянду менависанд. Зеро М. Садриддин дар рӯ ниқоб кашида, бештар худашро ҳамчун як инсони донандаи хуби шариат ва риоякунандаи қавонини исломӣ медонист, аммо дертар маълум гардид, ки ин ҳамааш ниқоб будаву дар асл бошад вай як авбош ва қаллоби гузаросту танҳо бо овардани ҳадису ояҳо мардумро фиреб дода ба боварии онҳо медаромада аст. Мисле, ки 3 нафар шаҳрванди кишварро дар хориҷи кишвар дар шаҳри Дубайи АМА  фиреб дода, бо овардани ҳадисҳову суханҳои динӣ  ба боварӣ даромада пулҳоро аз худ кардаасту дигар барнагардонидааст. Инро мешавад як навъ роҳи нави қаллобии наҳзатиён номид. Чунки М. Садриддин яке аз аъзоёни фаъоли ТТЭ ҲНИ ислом аст ва ҳама макру найранги наҳзатиро медонаду аз он ба манфиати нопоки худ истифода мекунад.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душмани миллат, қаллоби гузарову айёрро маҳкум намуда, бар ӯ лаънат мехонем!