ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ТАҶҲИЗОТ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ МОШИНСОЗИИ ДОНИШКАДАИ КЎҲӢ-МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН: СУЛҲ АСОСИ РАВНАҚИ КОРИ МАРДУМ

Ошубҳои мухолифин ба ҳар сурат, боиси парешонхотирӣ дар ҷомеа мешавад.  Сели хушиҳо аз зери назар ва аз дасти мо мегузарад, аммо ҳар кас ба андозаи ташнагӣ ва истеъдоди худ аз он насиб мебардорад. Мардуми тоҷик баъд аз нобасомониҳои ҷанги шаҳрванди ва чашидани ранҷи ташнагии нохушии рўзгор  бо роҳбарии садри кишвар аз ин сели хушиҳо насиба бардошт. Садри миллати мо сарчашмаи озоди ва хушиҳои мардум гардиданд ва ин ақли баланди Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мо ба неъмати зистан, ки озодӣ аст, расидем.

Танҳо неъмате, ки ба ранҷи зистан меарзад, озодист. Озоди барои мардуми тоҷик дар асоси истиқлолият ва ваҳдати милли ба даст омадааст. Озоди дар ҳар кишваре мутаносиб бо тамаддуни он кишвар аст. Тоҷикон дар оинаи таърих ҳам чун миллати бо фарҳанг ва озодихоҳ ҷило медиҳанд.

Сулҳ боиси равнақи кори мардум ва касоди бозори ҳодисаҷўён аст. Сулҳу ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода. бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд. 

Сулҳ — оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро тачассумгар аст. Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдуст будан. 

Ваҳдат — беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон, хастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ мавкеу макоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имруз иттифок ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омузиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст.