ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ СОХТМОН ВА КОРҲОИ МАРКШЕЙДЕРИИ ДКМТ ДОИР БА РУЙХАТИ СИЁҲИ АМРИКО

Тартиб додани руйхати мамлакатҳо вобаста ба озодии эътиқод ва мансубияти динӣ аз ҷониби мақомоти Амрико боиси ҳайрати мо устодон гардид. Барои чи мавҷудияти масҷидҳои зиёд, озодона намозгузории мардум ба инобат гирифта намешавад? Ҳадаф аз ин раддабандӣ чист? Мардум аз найрангҳои ТТЭ ҲНИ воқиф шуд ва дигар шомили ин ҳизб намешавад ва онро чун ҳидоятгар пазируфта наметавонад. Чунки онҳо бениҳоят ҷавононро ба равияҳои гуногуни исломӣ шомил намуда, дур аз Ватан гардониданд.

     Ҳоло Тоҷикистон тадриҷан иқдомҳои демократиро дар ҳама арсаи ҳаёт татбиқ менамояд. Ба арзишҳои давлати ҳуқуқбунёд арҷгузорӣ намуда, мардум тибқи озодии виҷдону эътиқод амал менамоянд.

         Аҳли ҷомеаи кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ  чунин раддабандӣ ва руйхати ба ном сиёҳи амрикоиро маҳкум намуда,  Тоҷикистонро чун давлати озоду ҳуқуқбунёд дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мешиносанд.