ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ИҚТИСОД ВА ИДОРАКУНӢ: ТЕРРОРИСТОНИ ТЭТ ҲНИ ҲОЛО БА НАШРИ АДАБИЁТҲОИ ХУСУСИЯТИ ТАРҒИБОТИИ ҒОЯҲОИ ТЕРРОРИСТИДОШТА ПАРДОХТААНД

Чанд рӯз боз мушоҳида менамоем, ки аксарияти иаъзоён ва пайравони ТЭТ ҲНИ бештар дар сомонаҳои интернетӣ  ва сомонаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои худро боз намуда, ошкоро андеша ва ғояҳои террористиро тарғиб менамоянд ва онро дар саҳифаҳояшон нашр менамоянд.

Дар масъалаи туҳмату буҳтонҳои ин расонаҳо чизе гуфта наметавонем, зеро туҳмату таҳқир ва буҳтон пастзании Тоҷикистон аз ҷониби ин ақлбохтагони олами терроризми байналмилалӣ хеле зиёд аст.

Албатта, ин маълум аст, ки бо супориши давлатҳои хориҷӣ ва хоҷагони хориҷияшон барои паст задани мақоми кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва сиёҳ кардани он талош менамоянд, то дар ҳолат ба худ хос мардумро гумроҳ созанд. Зеро ин таҷрибаро аллакай солҳои 90-уми асри гузашта ТЭТ ҲНИ бо мардум карда буд ва боз мехоҳад, ки онро анҷом диҳад.

Дар хусуси нашри адабиётҳо ва маводҳои хусусияти террористидошта ҳамин қадар гуфта метавонем, ки ин тоифаи бадсиришт барои робитаашро бо созмонҳои террористии байналмилалӣ гум накардан, пайваста ғояҳои онро тарғиб менамоянд, ки бисёр зарарнок аст.

Мо омӯзгорони кафедра барои пешгирӣ намудани ин зуҳуроти номатлуб ва ин андешаҳои пучу заҳрогини наҳзатиёни палид талош менамоем ва ҳоло бошад, рафтор ва гуфтори ин хирасонаронро маҳкум намуда, пешниҳод мекунем, ки ТЭТ ҲНИ пурра ба нестӣ расонида шавад, то амнияти ҷаҳон таъмин бошад.