ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА ЗАБОНҲОИ ХОРИҶИИ ДКМТ: ДАР ҲОШИЯИ ДИН ВА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

ҲОҶӢ ҲУСАЙН МӮСОЗОДА – Сархатиби вилояти Суғд сари вақт оид ба ДИН ВА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ мақолае нашр карда ба паҳлуҳои гуногун равшанӣ афканданд. Аз ҷумла: “Барои Имоми Аъзам(р) ислоҳоти куллӣ дар ақида, мактаби фиқҳӣ ва андешаҳои миллӣ ва илмӣ пеш омад, ки он кори осон набуд, аммо Имоми Аъзам(р) бо роҳи оқилона чорчӯбаи муқаррар гардидаро шикастанд ва аз оятҳои Қуръони карим ва ҳадисҳои шариф, ки арзишҳои миллиро тарғиб мекунад бо далелҳои раднопазир масъалаҳои шаръиро бо тариқи нав фатво доданд аз ҷумла тафсир ва тарҷимаи Қуръонро бо забони форсӣ-тоҷикӣ ва ба шарҳу таъвили оятҳо дохил намудани баёни фикри муфассиронро низ иҷозат доданд, ҳатто дар намоз бо забони форси-тоҷикӣ ибодатро фатво доданд, бо ин мавқеи муайян ва навовариҳо дар таълимоти дин ин фарзанди фарзонаи миллат ба мазаммату маломати баъзе душманони миллатҳои ғайри араб рӯ ба рӯ шуданд.

 

Имоми Аъзам дар ҳуҷҷатоварӣ ҳар вақто, ки аз Қуръон ва ҳадис далел пайдо намешуд, фикри худро бо овардани мисоли фиқҳӣ аз рӯи “Қиёс”масъалаҳои минтақавӣ ва фарҳангии қавму халқҳоро яъне масъалаи миллиро ҳамаҷониба ҳаллу фасл менамуданд.

 

Имоми Аъзам дар усули фиқҳ бо дохил намудани “Урф” анъанаҳои миллӣ, урфу одат, либоси миллӣ, забони миллат, иду ҷашн ва маросимҳои миллиро бо баёни он, ки инҳо хилофи шариат нестанд иҷозат фармуда роҳи миллати моро дар роҳи ҳифзи арзишҳои миллӣ фарох намуданд.

 

Ин ҳама хидматҳои Имоми Аъзам маънии онро дошт, ки арзишҳои миллӣ ва камтар аз падидаҳои динӣ ва мазҳабӣ нест ва онҳо дар рӯзгори инсоният нақши бориз дорад ва бидуни онҳо инсоният асли худро аз даст хоҳад дод.

 

Имрӯз мо ходимони дин дар кишвар бояд фаромӯш накунем, ки мо дар асри бисту як зиндагӣ мекунем ва бояд донем, ки миллати Тоҷик зиёда аз 1300 сол пеш дини мубини исломро қабул кард, фарзандони ин миллат дар мисоли Имоми Аъзам, Имом ал-Бухорӣ, Хоҷа Ҳафси кабири Бухорӣ ва садҳо нобиғаҳои миллат ба дини мубин ва пойдории шариат хизмат карданд, аммо арзиш ва муқаддасоти миллиро ҳама вақт дар мадди аввал гузоштанд ва муваффақ ҳам шуданд.”

Мо ҷонибдори ақидаҳои муаллиф ҳастем, ки дини мубини исломро азиз дорем.