ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ВАРЗИШ ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНИИ ДКМТ: РАФТОРИ КАБИРӢ АЗ АХЛОҚ БЕРУН АСТ

Давоми рӯзҳои охир дар шабакаи иҷтимоӣ Саидюнуси Истаравшанӣ – ҷонибдори ашадии мухолифин матолибе аз Муҳиддин Кабирӣ пахш мекунад, дар ин роҳ раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистонро шахсияти муаззами ахлоқӣ ба тасвир меорад, симои ўро ба унвони як муаллими ахлоқ ва бонии рафтори фарҳангии кишвар муаррифӣ мекунад ва аз номи ў ба интиқоди “рафтори ғайриахлоқии мақомот дар вуруд ба ҳарими хусусии шаҳрвандон ва сабти равобити заношўии онҳо ва ба намоиш гузоштани он дар телевизиюнҳои давлатӣ” мепардозад.

Чеҳраи Кабирӣ дар анбўҳи баёнияҳояш як нафари таҳдидгаре дар амри тахрибкории сиёсии кишвари мо беш нест. Ў ҳоло ки дигар қудрати рўҳӣ ва равонии бозӣ кардан ба сиёсат ва иҷтимоиёти кишварро чандон дар ихтиёр надорад, ба хотири ба ангеза овардани ҳисси нафрат ва бадбинии мардум танҳо ва танҳо қодир аст, ки бо далелҳои обшустаи ба худаш хос ва суханбозии ба хостаҳои сиёсиаш муносиб диққати ҷомеаи башариро ба сўи худ кашад, худро ҳамчун фарҳангдифоъ ва ҳимоягари арзишҳои фарҳанги миллии тоҷик ба чашми ҷаҳониён шинонад.

Изҳор менамоем, ки рафтори Кабирӣ аз ахлоқ берун аст!