ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ВАРЗИШ ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНИИ ДКМТ: ТЭТ ҲНИ САРЧАШАМАИ БУНЁДИ АҚИДАҲОИ ЭКСТРЕМИСТИВУ ТЕРРОРИСТӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКСТОН

Мушоҳида менамоем, ки давоми солҳои охир дар аксари кишварҳои ҷаҳон аз дасти гурўҳҳои тунрав ва ифродгаро нооримиву низоъҳо вусъат ёфта барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми ниҳоят душвору пуртазод унвон гардид. Аз дасти ин ташкилотҳои террористӣ зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамла қарор дода шуда чандин кушта ва чандини дигарро маҷруҳ ва дур аз Ватану диёри худ гардонид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тўли таҳкими Истиқлолияти давлати тавонист ба яке аз давлатҳои пешрафтаи минтақа табдил ёфта дар ҷомеаи ҷаҳони мавқеъи устувори худро муайян намояд. Аз давраҳои ташкилёбии мамлакат душманони миллати тоҷик бо сармуягузориҳои худ тавонистанд як гурўҳ гумроҳшудагон хоинони миллатро сарамъ созанд ва дини мубини Исломро ҳамчун ниқоби ин ташкилот истифода намоянд. Ин ташкилоти таъсис намудаи душманони миллат бо номи Ҳизби наҳзати Исломӣ унвон ёфта як муддати дароз тавонист дар дохили кишвар ҳамчун як ҳизби сиёсӣ фаъолияти пасипардагӣ бурда ба душманони миллат (хоҷагони хориҷӣ, ки ин ташкилотро сармоягузори менамуд) хизмат намоянд. Аз ҷониби мақомотҳои қудрати амалҳои хиёнаткоронаи ин афрод муайян ва инташкилот ҳамчун Ташкилоти экстремисти террористии Ҳизби наҳзати Ислом эълон карда шуда фаъолияти он дар мамлакат манъ карда шуд.Ташкилоти террористии Ҳизби наҳзат тавонист дар фаъолияти худ аксари ҷавонони кишварро гумроҳ сохта ба сафи гурўҳҳои террористӣ, ки дар давлатҳои гуногуни олам фаъолият мебарандшомил намояд. Ин ҷавонҳои гумроҳ намудаи ТЭТ ҲНИ дар қатли гурўҳи одамони бегуноҳ, зинда ба зинда сўзонидан ё тарконидани онҳо, вайрон валангор намудани макони таърихӣ ва ёдгориҳои азим, таҷовуз ба номуси болиғу ноболиғ ва ба монанди ин рафторҳои ғайриинсонӣ иштирок карда истодаанд.

Мо амалҳои гумроҳсозии ТТЭ ҲНИ-ро маҳкум месозем!