ЗАНҶИРАИ НОГУСАСТАНИИ КӮҲКОРӢ ВА МЕТАЛЛУРГИЯ

(дар ҳошияи баргузории вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мутахассисони соҳавӣ)
Рушди бесобиқаи соҳаи кӯҳкорӣ ва металлургия дар мамолики олам мутахассисони мамлакатро водор месозад, ки дар инкишоф, оқилона истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ ва то ҳадди ниҳоӣ коркард намудани канданиҳои фоиданок тадбирҳои судманд ва саривақтиро андешанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ мамлакате ба ҳисоб меравад, ки аз ҳисоби фарогирии кӯҳҳо ва дороии сарватҳои зеризаминӣ аз сарзамини пешрафта ба ҳисоб меравад. Канданиҳои фоиданоки маъданӣ ва ғайримаъданӣ, сангҳои ороишиву гаронбаҳо ва дигар дороиҳои табиӣ бойигарии муҳими давлатӣ ба ҳисоб мераванд.
Раванди истеҳсол ва истихроҷи канданиҳои фоиданок ва то ҳадди ниҳоӣ коркард кардани он марҳилаҳои муҳимро фарогир аст. Натиҷабардорӣ аз рӯи ин соҳа пеш аз ҳама коркарди маҷмӯиро тақозо мекунад. Масалан барои ба даст овардани як метал аз нуқтаи назари илмӣ мебояд марҳилаи иктишоф -яъне корҳои геологӣ ҷустуҷӯӣ, корҳои маркшейдерӣ-яъне аксбардориву лоиҳакашӣ, коркарди канданиҳои фоиданок-яъне ба тариқи кушод ё зеризаминӣ истихроҷ кардани канданиҳои фоиданок, корҳои ғанигардонӣ-яъне бо воситаи реагентҳои химиявӣ дар фабрикаҳои бойгардонии маъдан то ҳадди консентрат истеҳсол намудани он, коркарди металлургӣ-истеҳсоли холисӣ метал ба шумор меравад. Омодасозии кадрҳои соҳа ва ҳалли муаммоҳои истеҳсолӣ дар ин самт баррасии маҷмӯиро талабгор аст.
Даврони соҳибистиқлолии мамлакат давраи рушди соҳаи кӯҳкорӣ ва металлургия ба шумор хоҳад рафт. Зеро дар қиёс бо даврони собиқ Шуравӣ теъдоди корхонаҳои саноатӣ як чанд маротиба бештар бунёд гардидаанд. Ин талаботи замон муассисаҳои олии таълимӣ ва коллеҷу литсейҳои касбии соҳаро водор месозад, ки барномаи махсуси муштарак оид ба омодасозии мутахассисони ояндаро таҳия ва татбиқ намоянд.
Аз ташхиси маҳак то ташхиси консентрату метали истеҳсолгардида дар кишвар ба истеҳсолоти минбаъда ва тараққиёт дар ин самт мусоидат хоҳад кард.
Яке аз омилҳои асосие, ки ба рушди минбаъдаи соҳаи кӯҳию металлургӣ мусоидат мекунад, ин робитаи мустаҳками корхонаҳои саноатӣ бо муассисаҳои таълимии соҳа мебошад. Имрӯз фурсате фаро расидааст, ки корхонаи саноатӣ мутахассиси худро дар курси аввал аз ҳолаш пурсон шавад, зеро интихоби дурусти мутахассис ва омода намудани он то сатҳи касбӣ ба рушди истеҳсолоти корхона мусоидат хоҳад кард.
Мушоҳидаҳое, ки дар собиқаи қариб 20 солаи худ дар муассисаи олии таълимии соҳа мушоҳида намудам, робитаи истеҳсолот бо муассисаҳои олии соҳа қаноатмандкунанда нест. Ё агар ба роҳ монда шуда бошад ҳам ҳамчун иҷрои барномаҳои давлатӣ ё супоришҳои ҷудогона барои додани маълумот аст. Як муаллими донишкада ё донишгоҳ ҳеҷ вақт наметавонад, ки робитаи муассисаи таълимиро бо истеҳсолот тибқи талабот ба роҳ монад. Ин масъаларо мебояд вазоратҳои соҳавӣ бо дастурҳои ҷудогона корхонаҳои саноатиро вазифадор намоянд, ки дар баробари истеҳсолоти соҳа ва истифодаи сарвати табии ин сарзамин вазифаи муҳими дигар барояшон замина гузоштан барои омодасозии мутахассисони оянда мебошад. Ман оид ба ин масъала дар рӯзномаи “Омӯзгор” №21 (12454) аз 23.05.2024 таҳти унвони “Таҷрибаомӯзиро дастгирӣ мебояд” мақолае навишта будам ва гумон доштам, ки шахсони масъул нисбати тақдири мутахассиси оянда бетараф нахоҳанд буд, аммо то ҷое гумон мекардам ин масъала ҳалли худро наёфт. Шояд дар натиҷаи дастурҳои иловагӣ ин роҳи ҳалли худро пайдо кунад.
Дар мулоқоте, ки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамроҳ бо мутахассисони соҳа ва намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав баргузор намуд, аслан ҳамин масъалаҳоро фарогир буд. Андешаҳои ироагардида судманд ва дар ҳалли муаммоҳои мавҷуда мусоидаткунанда буданд.
Тавсия карда шуд, ки машғулиятҳои амалии таълимӣ дар истеҳсолот ба роҳ монда шавад. Ин амал барои омодасозии мутахассиси оянда аз манфиат холӣ нест. Аммо набояд фаромӯш кард, ки махсусан барои корхонаҳои металлургӣ, ки бештарашон дар масофаи дур аз муассисаҳои таълимӣ ҷойгир ҳастанд дар давоми ҳафтаи таълимӣ машғулияти таълимии назариявиро дар донишгоҳ ва амалиро дар истеҳсолот ба роҳ мондан ғайриимкон аст. Аз инрӯ зарур аст, ки нақшаи таълим тибқи низоми дуалии таълим таҳия карда шавад.
Аз баски сармоягузорони хориҷӣ масъулияти роҳбарии корхонаҳои соҳаи кӯҳию металлургиро ба уҳда доранд вазифадор намудани онҳо барои омодасозии мутахассисони мулкӣ бояд дар мадди аввал бошад.
Рушди ин соҳаи хеле зарурӣ аз зинаи ибтидоии таълим бояд ба роҳ монда шавад. Низоми таълими зинаҳои ибтидоӣ ва миёна бояд ба самти омӯзиш ва аҳамияти стратегӣ доштани канданиҳои фоиданок нигаронида шавад. Пӯшида нест, ки замоне дар зинаҳои поёнии таълим шеъри кӯдаконае буд:
Пахта, пахта ҷон пахта,
Рӯида чун гулдаста…
Як аз сабабҳои дар адабиёти таълимӣ ҷой додани чунин шеърҳо аз як тараф меҳнатдӯстӣ ва инъикоси боигарии мамлакат бошад, аз тарафи дигар кишвари аграрӣ будани мамлакати моро муаррифӣ мекард. Имрӯз мо аз кишвари аграрӣ ба кишварӣ саноатӣ гузаштаем. Зарурати дар низоми таълим бо фарохӣ омӯзонидани ин соҳа аз аҳамият холӣ нест. Арзиши 5 грамм тилло, ки тахминан 6375 сомониро ташкил медиҳад ва бо ин нарх метавон қариб 800 кг пахтаро харидорӣ кард. Агар хонанда тафовути арзишмандии ин маҳсулотро донад ва манфиати иқтисодии миллиро дарк кунад, ҳатман муҳандиси кӯҳкор ё металлург хоҳад шуд. Тоҷикистон 93 фисад кӯҳсор аст, пас чаро лоақал 40 фисади хатмкунандаи муассисаи таълимӣ ин соҳаро намеомӯзад, шояд дар зинаҳои поёнии таълим ва тарғиби ҷомеаи шаҳрвандӣ нисбат ба ин масъала мушоҳида намешавад.
Тибқи маълумотҳо мамлакатҳое, ки дар соҳилҳои баҳрҳо ва уқёнусҳо зиндагӣ мекунанд, барои онҳо дар низоми таълимиашон фанҳои махсус дар зинаҳои гуногуни таълим оид ба истифодаи маҳсулотҳои баҳрӣ омӯзонида мешавад. Масалан мамлакатҳое ба мисли Автралия Британияи кабир, Хитой, Норвегия ва Дания васеъ омӯзонида мешавад. Масалан фанҳои географияи уқёнусҳо, омӯзиши экосистемаи уқёнусҳо, биологияи организмҳои баҳрӣ ва муҳандисии баҳрӣ. Дар мамлакати мо ҳам фикр мекунам ба ғайр аз фанни геология ва минерология, асосҳои корҳои кӯҳӣ ва металлургияро дар ҳама зинаи таълим ҷорӣ намудан ба манфиати кор хоҳад буд. Ҳамарӯза бо чумчаи металӣ хӯрок мехурем оё боре фикр кардаем, ки он аз кадом маъдан гирифта шудааст, чӣ гуна равандҳои металлургиро дар бар мегирад. Бинобар ин истеҳсоли баъзе аз маҳсулотҳои металӣ дар дохили мамлакат ба манфиати иқтисодии он хоҳад буд. Таҷрибаҳо собит менамоянд, шаҳвардоне, ки дар ноҳия ё минтақаи наздики истиқоматашон корхонаҳои бузурги металлургиву кӯҳкорӣ фаъолият мекунад, ба интихоб намудани пешаи муҳандисӣ дар ин самт таваҷҷуҳи зиёд доранд. Зеро онҳо аллакай нисбат ба баланд будани музди маоши кормандони ин соҳа огаҳӣ доранд ва оид ба имтиёзҳои он низ бархурдоранд. Яъне огоҳ будани насли ҷавони кишвар ё огоҳ намудани онҳо амали муфид ҳисобида мешавад.
Саводнок намудани аҳолии мамлакат дар ин самт яке аз масоили муҳим ба шумор меравад. Мо низ дар навбати худ ҳамчун мутахассисони соҳаи кӯҳкорӣ ва металлургӣ пеш аз ҳама фарҳанги истилоҳотии корҳои кӯҳиро таҳия ва дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифтем. Инчунин 7 адабиёти таълимии соҳа бо Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чоп тавсия карда шуд, ки доираи васеъи донишҷӯён истифода мебаранд. Вуҷуд надоштани адабиётҳои таълимӣ бо забони тоҷикӣ ва хуб надонистани донишҷӯён забони русиро барои аз худ намудани соҳа монеа эҷод мекунад. Аз инрӯ мо зарур шуморидем, ки адабиётҳои муҳими соҳаро бо забони давлатӣ таҳия намоем, то донишҷӯй баҳраманд гардад.
Набояд фаромӯш кард, ки дар ин соҳа низ ба роҳ мондани мактаби устоду шогирд аҳамияти хос дорад. Интихоби кадрҳои тасодуфӣ ё ғайри тахассус ҳам дар низоми таълим ва ҳам дар идоракунии корхонаҳои саноатӣ ба манфиати кор нахоҳад буд. Дар истеҳсолот ба мушоҳида мерасад, ки дар рӯзҳои аввал донишҷӯйи нахустин маротиба ба корхонаи истеҳсолӣ ҳозиршуда аз ҷониби шахсе мавриди саволу ҷавоб қарор мегирад, ки таҷрибаи кориаш аз синни донишҷӯй ду баробар бузург аст. Маломат кардан, бо ҳар баҳона ӯро аз таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ дур кардан, берун аз барномаи таҷрибаомӯзӣ ба корҳои дигар ҷалб намудан метавонад, ки донишҷӯ-мутахассиси ояндаро дилсард намояд. Дар истеҳсолот на бо чашми ҳақорат ва тангназарӣ, балки бо нияти неку маслиҳати падарона дастгирӣ намудани донишҷӯй моро ба муваффақият хоҳад бурд.
Хуб мешуд, ки сохторҳои дахлдор аз корхонаҳои саноатӣ оид ба дар як сол чанд нафар донишҷӯйро ба кор ҷалб кардан ва пардохти музди меҳнати донишҷӯй маълумот талаб кунанд, ки ин ҳам як рукни иҷрои ҳадафи чоруми стратегии мамлакат мебошад.
Инсон вақте ягон ҷояш ҷароҳат мебардорад, ё бемор мешавад албатта ба назди табиб ё олими соҳаи тиб меояд ва тибқи гуфтаи он амал намуда шифо меёбад. Корхонаи саноатӣ низ чунин аст, ба мисли як тан, ки кам гардидани истеҳсолот, ба вуҷуд омадани муаммоҳои истеҳсолӣ ин як навъ беморист, ки танҳо олимони соҳа метавонанд дар наҷоти он мусоидат карда тавонанд. Аммо муаммои дигаре, ки муҳаққиқро дар ин ҷабҳа дучор мегардад, дастрасӣ надоштан ба маълумотҳо мебошад. Аксари корхонаҳо хусусияти маълумоти махфӣ доштанро асос шуморида аз ҳамкорӣ худдорӣ мекунанд. Бояд онро ҳам ба назар гирифт, ки имрӯз қудрату тавонии илм чунон пешрафтааст, ки дар кадом гӯшаи замин кадом захира ё кони канданиҳои фоиданок вуҷуд дорад тариқи камераҳои моҳворавӣ мушоҳида карда мешавад. Ҳамбастагии илму истеҳсолот асоси рушди соҳа хоҳад буд.
Мулоқоти вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро, ки олимони калидии соҳаро сарҷамъ намуд, дар ҳамбастагии илму истеҳсолот дар оянда мусоидат хоҳад кард.
Осими Оқил, номзади илмҳои
техникӣ, сардори раёсати
таълими Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон