Ба истифода дода шудани корхонаи нави истеҳсоли металли стратегии сурма дар ноҳияи Айнӣ на танҳо як рӯйдоди муҳими истеҳсолӣ, балки қадами муҳим дар рушди илму технологияҳои металлургӣ ва истифодаи самараноки захираҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар шароити имрӯза, ки талабот ба металлҳои стратегӣ дар ҷаҳон мунтазам афзоиш меёбад, рушди истеҳсоли сурма аҳамияти иқтисодии хос касб кардааст.
Сурма (Sb) аз ҷумлаи металлҳои муҳими стратегӣ буда, дар истеҳсоли аккумуляторҳои сурбӣ, маводи зидди сӯхтор, нимноқилҳо, таҷҳизоти электронии дақиқ, энергетика, саноати мудофиа ва дигар технологияҳои пешрафта васеъ истифода мешавад. Аз ин рӯ, кишварҳое, ки дорои захираҳои сурма мебошанд, имрӯз имконияти таҳкими рақобатпазирии иқтисодии худро доранд.
Аз нуқтаи назари илмии металлургия, арзиши асосии чунин корхонаҳо танҳо дар истеҳсоли металли сурма нест, балки дар ҷорӣ намудани технологияҳои муосири коркарди консентратҳои сурмадор, баланд бардоштани дараҷаи истихроҷи металл ва истифодаи пурраи ашёи хом зоҳир мегардад. Коркарди амиқи маъдан имкон медиҳад, ки талафоти металл кам шуда, самаранокии иқтисодии истеҳсолот баланд гардад ва таъсири манфӣ ба муҳити зист низ коҳиш ёбад.
Дар байни канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон сурма яке аз металлҳои стратегӣ ва фоидаовари саноати истихроҷи маъдан ба ҳисоб рафта, ба гурӯҳи металлҳои вазнин дохил мешавад. Сурма (Sb) металли муҳимест, ки дар соҳаҳои гуногуни саноатӣ, аз ҷумла моддаҳои зидди аланга, хӯлаҳо ва нимноқилҳо истифода мешавад. Он дар соҳаи саноат истифодаи сершумор дорад. Масалан, таҳияи батареяҳои дорои иқтидори баланд ба категорияи технологияҳои нав ва энергияи «сабз» дохил карда шудааст.
Манбаи асосии истеҳсоли сурма антимонит (Sb2S3)- минерали сулфид мебошад. Дар табиат зиёда аз 100 минерали сурма мавҷуд аст. Аммо аз нуқтаи назари истихроҷи саноатӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба маъдани антимонит аст, ки аз он металли сурма ва оксиди сурма (Sb2O3) коркард карда мешавад. Дар айни замон тақрибан 20 фоизи истеҳсоли ҷаҳонии сурма аз маводи дуюмдараҷа, асосан аз коркарди батареяҳои мошинҳои истифодашудаи сурб-кислота ва то андозае камтар аз коркарди партовҳои дорои сурма аз истеҳсоли мис, сурб ва тилло ба даст меояд.
Солҳои охир истифодаи маҳсулоти сурма на танҳо ба таври назаррас афзуд, балки сохтори он низ ба таври куллӣ тағйир ёфт. Агар дар ибтидои солҳои 80-уми асри гузашта асосан соҳаи истифодаи сурма истеҳсоли аккумуляторҳо буд, ҳоло тақрибан 60–65 фоизи сурмаи ибтидоӣ барои истеҳсоли антипиретикҳо (дар шакли триоксиди сурма) истифода мешавад. Ҳоло талабот аз тарафи саноати маводи оташнишон, подшипникҳо, пластмасса, маҳсулоти резинӣ, реактивҳои кимиёвӣ, шиша ва керамика, маҳсулоти асбестӣ ва ғайра ба таври назаррас меафзояд.
Тибқи маълумоти Хадамоти геологии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, соли 2022 Тоҷикистон дар ҷаҳон аз лиҳози истихроҷи сурма ҷойи сеюмро ишғол намуд. Аз ҳаҷми умумии 110 ҳазор тонна ба Тоҷикистон 13 ҳазор тонна рост меояд. Соли 2024 ин нишондиҳанда ба таври назаррас афзуд ва Тоҷикистон дар истеҳсоли сурма ба ҷойи дуюм баромад.
Расми 3. Давлатҳои истеҳсолкунандаи сурма дар соли 2024
Ба андешаи таҳлилгарон, дар миқёси ҷаҳон истеҳсоли аввалини сурма аз маъданҳои он дар 15 давлат ба роҳ монда шудааст. Таъмини саноати сурмаи ҷаҳонӣ бо захираҳои мавҷудаи металлӣ дар сатҳи ҳозираи истифодаи сурма тақрибан ба 14-20 сол мерасад. Аз ин рӯ, мушкилоти мураккабии истифодаи ашёи хоми сурма дорои вазифаи таъхирнопазир аст. Аз соли 2014 то соли 2020 Иттиҳоди Аврупо сурмаро ашёи муҳим ва стратегӣ эълон кард. Ҳамин тариқ, сурма ҳоло барои ҷомеаи муосир маводи муҳим ва стратегӣ маҳсуб мешавад.
Аз соли 1990 то 2020 истеҳсоли ҷаҳонии сурма афзуда, нархаш низ боло рафт. Аммо дубора ду баробар шудани нархи сурма дар бозори ҷаҳонӣ аввали соли 2024 ва дар тамоми давраи 1990–2020 беназир буд.
Дар Тоҷикистон истеҳсоли консентрати сурма аз 24,6 то 63,5 ҳазор тонна (беш аз 2 маротиба) солҳои 2014 ва 2021 афзоиш ёфт, дар ҳоле ки истеҳсоли сурмаи металлӣ аз 0,65 то 8,3 ҳазор тонна (қариб 13 маротиба) афзоиш ёфт.
Мувофиқи Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025, истеҳсоли консентрати сурма давоми панҷ сол аз 66,6 то 116,6 ҳазор тонна, қариб 2 маротиба афзоиш ёфтааст, дар ҳоле ки истеҳсоли сурмаи металлӣ аз 4,4 то 23 ҳазор тонна (қариб 4 маротиба) афзоиш дода шудааст.
Расми 4. Истеҳсоли консентрати сурма-I ва сурмаи металлӣ-II дар солҳои 2019-2025 мувофиқи Барномаи саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст.
Бунёд ва ба истифода додани корхонаи нави истеҳсоли металли стратегии сурма дар ноҳияи Айнӣ идомаи мантиқии татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ ба рушди саноатикунонии босуръати кишвар, коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, махсусан маъданҳо ва металлҳои рангаю нодир, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловагӣ ва таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ таъкид намуданд.
Дар Паёми имсола Сарвари давлат таъкид намуданд, ки суръати рушди соҳаи саноат дар соли 2025 ба 22 фоиз расида, барои идомаи ин раванд вазифа гузошта шуд, ки дар панҷ соли оянда афзоиши солонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ на кам аз 25 фоиз таъмин карда шавад. Ҳамчунин, бо ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ ба таъсиси корхонаҳои нави коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, аз ҷумла маъданҳо ва металлҳои рангаю нодир, аҳамияти аввалиндараҷа дода шуд. Аз ин рӯ, ба истифода дода шудани корхонаи истеҳсоли сурма дар ноҳияи Айнӣ маҳз натиҷаи амалии татбиқи ҳамин сиёсати давлатӣ ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат мебошад.
Ҳамин тавр, ганҷинаи маъданҳои Тоҷикистон имконияти калони рушди иқтисодӣ, саноатӣ ва иҷтимоӣ фароҳам меорад, ки амалисозии онҳо бояд бо стратегия ва назари илми муосир ҳамроҳ бошад.
Дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқот дар соҳаи металлургияи сурма барои татбиқи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар аҳамияти махсус дорад. Тоҷикистон дорои захираҳои ғании маъданҳои сурмадор, конҳои бисёрунсура ва манбаъҳои нисбатан арзону дастраси нерӯи барқ мебошад, ки ин омилҳо заминаи мусоиди рушди саноати кӯҳӣ ва металлургияи мамлакатро фароҳам меоранд. Аз ин рӯ, рушди технологияҳои муосири истихроҷ ва коркарди сурма на танҳо арзиши иловагии маҳсулоти ватаниро афзоиш медиҳад, балки рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва иқтидори содиротии кишварро низ тақвият мебахшад.
Дар солҳои охир аз ҷониби олимону муҳаққиқони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон оид ба такмили технологияҳои истеҳсол ва коркарди консентратҳои сурмадор, баланд бардоштани дараҷаи истихроҷи металл ва истифодаи самараноки захираҳои ашёи хом як қатор корҳои илмӣ-тадқиқотии муҳим анҷом дода шудаанд. Натиҷаҳои ин таҳқиқот барои ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолоти саноатӣ, баланд бардоштани самаранокии корхонаҳои металлургӣ ва татбиқи амалии дастуру супоришҳои Пешвои миллат оид ба рушди саноати маъдан ва металлургия аҳамияти калон доранд.
Ифтитоҳи иншооти нави истеҳсолӣ инчунин дар татбиқи Ҳадафи чоруми стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон — саноатикунонии босуръати кишвар саҳми назаррас дошта, заминаи мусоидро барои рушди минбаъдаи саноати кӯҳӣ ва металлургия фароҳам месозад. Ин дастовард натиҷаи сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки рушди саноат, коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ ва таъсиси корхонаҳои муосири истеҳсолиро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии давлат қарор додаанд. Маҳз бо ташаббус ва дастгирии пайвастаи Пешвои миллат барои рушди соҳаи металлургия, ҷалби сармоя, ворид намудани технологияҳои пешрафта ва истифодаи самараноки захираҳои табиии кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.
Ҳаёт РАҲИМЗОДА,
мудири кафедраи металлургия ва технологияи заргарии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
