КОРХОНАҲОИ НАВИ КӮҲӢ ВА МЕТАЛЛУРГӢ – ЗАМИНАИ РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ВА МАКТАБИ НАВИ ОМОДАСОЗИИ МУҲАНДИСОНИ ТОҶИК

«Вақте ки саноати кӯҳӣ рушд мекунад, на танҳо корхонаҳо, балки илм, маориф, иқтисодиёт ва ояндаи ҷавонони кишвар низ рушд меёбанд. Боздиди Пешвои миллат аз сохтмони корхонаи металлургии Шоҳқадам бори дигар нишон дод, ки Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди саноатӣ ворид шудааст.»
Боздиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни сохтмони корхонаи металлургии ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» дар кони маъдани оҳани Шоҳқадам дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боз як далели равшани он аст, ки имрӯз рушди соҳаи кӯҳӣ ва металлургия ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии давлат табдил ёфтааст.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марҳилаи содиркунандаи асосан ашёи хом ба марҳилаи ташаккули истеҳсолоти муосири саноатӣ ворид гардидааст. Ин раванд маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконпазир гардид. Маҳз таҳти роҳбарии эшон саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян шуда, имрӯз натиҷаҳои амалии он дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ба мушоҳида мерасанд.
Корхонаи металлургии Шоҳқадам яке аз чунин лоиҳаҳои муҳими миллӣ мебошад. Аҳамияти он танҳо дар истихроҷи маъдани оҳан нест. Бартарии асосии ин лоиҳа дар он аст, ки дар Тоҷикистон бори аввал занҷираи пурраи истеҳсолот аз маъдани оҳан то маҳсулоти тайёри металлургӣ ба роҳ монда мешавад. Истихроҷи маъдан, истеҳсоли консентрат, окатиш, брикетҳои оҳанини мустақимбарқароршуда (HBI/DRI), гудозиши пӯлод, истеҳсоли блюмс ва дар ниҳоят истеҳсоли арматура — ҳамаи ин дар доираи як маҷмааи саноатӣ амалӣ мегардад.
Ин раванд барои иқтисодиёти кишвар аҳамияти бузург дорад. Пеш аз ҳама, арзиши иловашуда дар дохили мамлакат ташаккул меёбад, вобастагӣ аз воридоти маҳсулоти металлӣ коҳиш меёбад, ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбанд ва имконияти рушди соҳаҳои сохтмон, нақлиёт, энергетика ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ боз ҳам васеъ мегардад.
Ҳамзамон, чунин корхонаҳо барои рушди илм ва таҳсилоти муҳандисӣ низ имкониятҳои нав фароҳам меоранд. Имрӯз корхонаҳои муосир ба муҳандисони дорои донишҳои амиқи геология, конкушоӣ, омодасозии кон, технологияҳои истихроҷи кушода ва зеризаминӣ, корҳои таркониданӣ, техникаи кӯҳӣ, ғанигардонии маъдан ва металлургия эҳтиёҷи зиёд доранд. Аз ин рӯ, вазифаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз омода намудани хатмкунандагони назариявӣ ба тарбияи муҳандисони амалгаро ва навовар табдил меёбад.
Дар ин раванд нақши кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданоки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон хеле муҳим мебошад. Кафедра ҳамчун яке аз марказҳои асосии омодасозии муҳандисони кӯҳӣ вазифадор аст, ки фаъолияти худро мутобиқ ба талаботи нави истеҳсолот боз ҳам такмил диҳад.
Имрӯз зарур аст, ки ҳамкории кафедра бо корхонаҳои кӯҳию металлургии мамлакат боз ҳам густариш ёбад. Ҷалби донишҷӯён ба таҷрибаомӯзӣ дар истеҳсолот, иштироки онҳо дар корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ, моделсозии равандҳои кӯҳӣ, омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ва омода намудани муҳандисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат бояд аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти кафедра бошанд.
Ҳамзамон, рушди илмҳои кӯҳӣ бояд бо ҳалли масъалаҳои амалии истеҳсолот пайваст бошад. Таҳқиқот оид ба технологияҳои самараноки истихроҷи конҳои кӯҳӣ, баланд бардоштани коэффисиенти истифодаи захираҳои маъданӣ, коҳиш додани талафоти маъдан, истифодаи таҷҳизоти муосир, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист бояд самтҳои асосии фаъолияти илмии омӯзгорон ва муҳаққиқони ҷавонро ташкил диҳанд.
Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки имрӯз Тоҷикистон дорои тамоми имкониятҳо барои ташаккули мактаби муосири муҳандисии миллӣ мебошад. Захираҳои бойи канданиҳои фоиданок, сиёсати давлатии дастгирии саноат, татбиқи лоиҳаҳои бузурги кӯҳӣ ва металлургӣ ва рушди муассисаҳои таҳсилоти олӣ заминаи устувореро барои ин раванд фароҳам овардаанд.
Мо, омӯзгорону муҳаққиқони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, ин дастовардҳоро на танҳо ҳамчун пешрафти иқтисодӣ, балки ҳамчун масъулияти бузурги касбӣ арзёбӣ менамоем. Вазифаи мо тарбияи насли нави муҳандисонест, ки тавонанд бо дониши муосир, ҷаҳонбинии илмӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ дар рушди минбаъдаи соҳаи кӯҳию металлургияи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоранд.
Боварии комил дорем, ки бо идомаи сиёсати созанда ва саноатикунонии босуръати мамлакат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон дар солҳои наздик ба яке аз марказҳои муҳими истеҳсолӣ бо истифода аз захираҳои кӯҳӣ ва имкони металлургии минтақа табдил хоҳад ёфт. Дар ин роҳи пурифтихор аҳли илм, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва бахусус кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок омодаанд бо дониш, таҷриба ва неруи зеҳнии худ дар пешрафти Ватани азиз саҳми арзанда гузоранд.
Абдуваҳоб Мутавалиев
номзади илмҳои геология ва минералогия,
мудири кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданоки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон