Таъкид намудан зарур аст, ки фарзандони сарбаланди миллати тоҷик дар дарозои таърих барои истиқлол ва андешаи миллӣ хеле ҷоннисорӣ намуданд ва ҳатто сари хешро нисори истиқлолхоҳӣ ва таффакури миллӣ намуданд. Буданд, рӯзҳое, ки ин миллат ҳатто барои дар бораи андешидани истиқлол ва мустақилияту озодӣ шиканҷа дид, ҷабри таърихро кашид ва ниҳоят фурсати адолат расид ва 9-уми сентябр Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақил эълон гардид. Рӯзи 9-уми сентябр барои миллати тоҷик Рӯзи истиқлолияти давлатӣ эълон шуд ва ин рӯз паёмест аз рӯзи фархундаву муборак барои миллати сарбаланди тоҷик! Истиқлолият ин пайки нек аз фардои дурахшон ва ояндаи ободи миллат мебошад ва ҳамин аст, ки Асосгузори сулуҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон перомуни ин масъала гуфтаанд: “Истиқлолият – ин номуси шарафу номуси ватандорӣ аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати бардавоми ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волост. Истиқлолият – ин хонаи обод, рӯи сурх, сари баланд, зиндагии осоишта ва соҳибдавлатию соҳибватанӣ аст”.
Истиқлолият ин ихтиёри озод, мустақилияти комил ва саодатмандии беназир аст, ки онро миллати тоҷик сазовор гардидааст. Аз ин хушбахтию шодмонӣ ва неъмати бебаҳои миллат 35 сол мегузарад ва дар ин 35 сол Тоҷикистони мустақил зери роҳбарии фарзанди барӯманд ва ҷонфидои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 35 маротиба бештар рушд кард ва 35 маротиба афзунтар шукуфт ва 35 маротиба зиёдтар қомат афрохт ва 35 сафҳаи саодатро офарид ва 35 маротиба қавитар шуд ва 35 маротиба устувортар шуд ва 35 саҳифаи нави таърих пур аз ифтихор шакл гирифт. Тоҷикистони мустақил дар ин муддати кӯтоҳ ба беҳтарин дастовардҳо ноил гардид ва имрӯз маркази он шаҳри Душанбе аз амнтарин шаҳрҳои ҷаҳон аст, ки ин ҳам самараи истиқлол ва мудирияти баланди шаҳрдорӣ мебошад.
Истиқлолият моро ба ҳам овард ва дилҳоро фараҳ бахшид, ки ин оғози аз худ дарак додан ва худро ба ҷаҳониён боз беҳтар муаррифӣ кардан аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди истиқлолият чунин фармудаанд: «Истиқлолият бузургтарин сарват ва бебаҳотарин неъмат бар ҳар миллате мебошад, ки худро шинохтааст ва таъриху тамаддуни хешро медонаду аз онҳо ифтихор мекунад».
Мусаллам аст, ки пас аз ба даст овардани мустақилият миллати сарбаланди тоҷик дубора соҳибихтиёр ва бар шодиҳои хеш ҳоким гардид.
Дар солҳои аввали соҳибистиклолӣ ҷомеаи Тоҷикистон ба лидере ниёз дошт, ки тавонад тавозун ҳам дар сиёсат ва дар иқтисодиёт баробар бисозад ва оромиву сулҳу суботро таъмин намояд. Аз миёни элитаҳои собиқ сиёсӣ ҳеҷ нафаре ҳозир нашуд, то ин масъулиятро дар руҳияи соҳибихтиёрӣ ва мустақилият бар дӯш бигирад. Шукр, ки ин хел шахси сиёсатмадор, ҷасоратманд ва хирадманду оқил, миллатдӯсту содиқ бар Тоҷикистон пайдо шуд ва ин ҳам фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон буданд. Он рӯзҳо вазъ пешгӯинашаванда буд, лек Сарвари маҳбуби кишвар тавонистанд миллатро дубора соҳиби ормону нишот созанд ва ва ҳама хостаҳоро бароварда намоянд. Эмомалӣ Раҳмон офтобе дар ҳавои Тоҷикистон шуданд ва гармиву нури он тамоми Тоҷикистонро саодатманд гардонид. Ин офтоб, ин меҳр, ин садоқат, ин самимият, ин муҳаббат ҳама аз тоҷикияти баланд аст! Дар бораи истиқлоли давлатӣ ёдрас шуда, аз хидматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нагуфтан нашинохтани таърихи муосири миллати тоҷик аст…
Эмомалӣ Раҳмон ҷони миллат аст ва ин ҷон Тоҷикистонро дар амонӣ нигоҳ дошт, ки инро асрҳову садҳазорсолаҳо миллати тоҷик фаромӯш нахоҳад кард.
Ҳамин аст, ки мегӯянд, ҷаҳонро шахсиятҳои бузург ва дорои истеъдоди фитрӣ метавонанд ба низом дароранд ва сулҳро ба вуҷуд оваранд. Намунаи барҷастаи он талошу ҷоннисориҳои Президенти мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки бо роҳбарии ин абармарди сиёсат Тоҷикистон ба давлати рӯ ба инкишоф табдил ёфта, аҳолиашро зиндагии орому осоишта насиб гардид. Нақш, ҷойгоҳ, мақом ва манзалати Тоҷикистон феълан дар сиёсати ҷаҳонӣ бо шарофати ташаббусҳои ҷаҳониву башардӯстонаи Сарвари давлат устувору қавӣ аст, ки мояи ифтихори ҳар як тоҷикистонӣ гардидааст.
Тоҷикистони муосир ва соҳибистиқлол тифли кӯчакеро мемонад, ки онро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ғамхориву дилсӯзӣ ва ободкориву созандагӣ ба ҷавони 35-сола расониданд ва имрӯз ин ҷавон миёни ҷаҳониён шуҳрати бузург дорад.
Роҳбари давлати навини тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини фаъолияти хеш таваҷҷуҳи махсусро ба соҳаи маориф ҷудо намуданд ва пайваста барои насли наврас ғамхории падарона зоҳир намуданд ва садҳо мактабу муассисаҳои таълимӣ бунёд карданд, то насли миллати сарбаланди тоҷик бомаърифат ва донишманду ҳамқадами замон бошад. Сарвари маҳбуби кишвар дар мулоқот бо аҳли илму маориф ин нуктаро ёдрас шуда, чунин гуфтанд: “Имрӯз дар зиёда аз 4000 муассисаи таълимии кишвар 2 миллиону 280 ҳазор нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли таҳсили 1991 – 1992-юм 800 мактаб ва 1 миллион хонанда зиёд мебошад. Агар соли ҷорӣ 103 ҳазор нафар синфи 11-ро хатм карда бошад, 250 ҳазор ба синфи якум қабул шудааст. Яъне мо бояд ба ҳисоби миёна ҳар сол беш аз 380 мактаб бунёд намоем. Дар кишвар соли таҳсили 1991 – 1992-юм 3229 мактаб бо фарогирии 1 миллиону 325 ҳазор хонанда фаъолият дошт. Имрӯз беш аз 4000 мактаб ва 2 миллиону 280 ҳазор нафар хонанда дорем”.
Яъне, Тоҷикистон ҳамарӯза дар пайи созандагиву бунёдкорист. Тоҷикистон ҳамеша дар роҳи рушд аст ва ин ба хотири фардои дурахшону созанда ва ин ба хотири фардои ободу ором, ва ин ба хотири ояндаи беҳтару хубтар ва ин ҳам аз баракати истиқлол ва ихтиёрдории миллати сарбаланди тоҷик.
Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд роҷеъ ба масъалаи истиқлол ва нақши Пешвои муаззами миллат дар таҳкими он чунин изҳори назар карда буд: «Истиқлолиятро ба Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов — сиёсатмадори миқёси ҷаҳонӣ дод. Имрӯз ӯ маъруфтарин фарзанди Тоҷикистон, тамоми тоҷикони ҷаҳон ва дӯсти ҳақиқии Афғонистон аст».
Воқеан ҳам ин нукта хеле муҳим аст, ки маҳз бо шарофати сиёсати башардӯстона ва оқилонаи Сарвари хирадманди кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллат истиқлоли воқеиро дид ва тамоми тоҷикон ӯро Пешвои худ интихоб карданд. Корномаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллат ва аҳли сайёра фақат наҷотбахшӣ, пайвандгарӣ, сулҳоварӣ, хирадгароӣ, башардӯстӣ мебошад, ки бо баракати ин сиёсати хирадмандона тоҷик ва Тоҷикистонро имрӯз кулли ҷаҳон мешиносаду эътироф менамояд. Ва ба қадри ин арзиши бузурги миллӣ бояд расид. Бояд Истиқлолро ҳифз карду аз он лаззат бурд.
Истиқлоли давлатӣ миллати сарбаланди тоҷикро ба орзуяш расонид ва ихтиёри идориву рушду пешрафтро ба дасташ дод. Истиқлолият на танҳо моро соҳибихтиёр сохт, балки моро имконияти дидани ҷаҳони орому осударо бароямон кашф сохт. Бо касб намудани истиқлол Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ шинохтанд ва равобити хуби дипломативу тиҷориву сиёсӣ бо давлатҳои абарқудрати дунё барқарор гардид, ки ин неъмати бебаҳо ва дастоварди бузург мебошад.
Феълан, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 190 давлати дунё робитаи дипломатӣ ва бо зиёда аз 160 давлати дунё робитаи тиҷоратӣ дорад, ки ин ҳам аз баракати истиқлол аст.
Агар бигӯем, ки Тоҷикистон ҳоло як давлати мустақил ва паноҳгоҳи тоҷикони тамоми дунёст, ҳеҷ иштибоҳе нахоҳад буд, чунки тамоми тоҷикони ҷаҳон умед ба Тоҷикистон доранд ва ин сарзамин, ин хоки муқаддас ҳаргиз фарзандонашро фаромӯш намесозад.
Маҳз дар замони истиқлолият миллати сарбаланди тоҷик ба ормони чандинҳазорсолааш расид ва ҳоло тоҷики асил ва тамаддунсоз бо сари баланд дар хиёбони меҳр гом мезанад ва нақшаи фардоро месозад, ки ин ҳам аз баракати истиқлолу соҳибихтиёрӣ мебошад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ роҳҳо бунёд карда шуд, нақбҳо ба истифода дода шуд, неругоҳҳои барқи обии сохта шуд, аз фарзандони баруманди миллат ёдоварӣ карда шуд, таърихи тоҷикон ба ҷаҳон муаррифӣ карда шуд, ҷашнҳои миллӣ дубора эҳё карда шуд, аз фарҳанги миллӣ ҳимоят карда шуд, арзишҳои миллӣ ҳифз карда шуд, ки бидуни истиқлолият ҳеҷ яке аз ин корҳо имкон надошт.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2006 Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ҳадафаш омодасозии мутахасисони варзидаи соҳаи саноат дар кишвар мебошад. Имрӯз, ин Донишкада ҷиҳати саҳми арзишманд гузоштан дар саноатикунонии босуръати кишвар, омодасозии мутахассисони варзидаи меҳандӯсту масъулиятшиносу сатҳи ҷаҳониро аз вазифаҳои аввалиндараҷа медонаду дар ин самт хеле корҳо ба сомон расонида шудааст. Айни замон, мо талош менамоем, ки ин Донишкадаи бонуфуз ва соҳавиро дар кишвар тибқи дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз марказҳои миллии омодасозии кадрҳои соҳаи металлургияву кӯҳкорӣ, геология, технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ, энергетика ва иқтисодиёту идоракунӣ табдил бидиҳем. Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон феълан, ягона муассисаи олии кишвар мебошад, ки дар соҳаи кӯҳкориву металлургия, зеҳни сунъиву технологияҳои иттилоотӣ, энергетика ва мошинсозӣ муҳандисонро омода месозад…
Қайд намудан зарур аст, ки танҳо истиқлолият ва озодиву ихтиёрдорӣ бар мо ин ҳама имкониятро фароҳам овард, то бар ҷаҳониён аз худ паём бидиҳем ва барои ҳифзи арзишҳои миллӣ дубора талош намоем. Тоҷикон миллати тамаддунсоз ва пурталош ҳастанд ва ҳазорсолаҳо зиндагии вазнину пуркулфатро таҳаммул намуда, барои истиқлоли хеш мубориза бурданд ва инро яке аз муаррихони ғарбӣ Миддендорф А.Ф. низ таъкид кардааст: “Тоҷикон ягона миллате дар курраи замин ҳастанд, ки бо чунин зиндагии сахт рӯ ба рӯ ҳастанд, ки сарфи назар аз таъсироти душманона алайҳи онҳо аз тӯли садҳо сол онҳо барои пешрафти худ роҳ боз мекунанд”.
Оре, миллати сарбаланди тоҷик бо азобу машаққат ва кӯшишу талошҳои зиёд барои мустақилият мубориза кардааст ва ин истиқлол ба осонӣ ба даст наомадаасту моро зарур аст, то онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Ҳазорсолаҳо гузаштагонам баҳри истиқлоли комил мубориза бурданд, пас мо низ бояд ҳамеша баҳри ҳифзи якпорчагии Ватани азизамон, давлати соҳибистиқлоламон, ваҳдату ҳамдили мубориза барем ва нагузорем, ки пойи номубораки душман ба марзи кишвари мо бирасад.
Ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд дар роҳи рушди ватани азизамон талош варзад ва саҳми арзандаи хешро бигузорад, то насли баъдӣ аз мо сипосгузор бошаду ин анъанаи некро идома бидиҳад.
Пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин пайравӣ аз роҳи тиллоии мамлакатамон мебошад ва мо бояд дар ин росто тамоми ҷидду ҷаҳд ба харҷ диҳем, то истиқлоли кишвари азизамонро бо ҳама дастоварду бурдаш ҳифз намоем.
35-солагии музаффарият ва муваффақияти миллати тоҷик хуҷаста бод!
Давлат ДАВЛАТЗОДА,
Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон,
номзади илмҳои техникӣ
