АҶАБ МАРДУМИ СОДДАВУ БЕПАРВОЕМ НИСБАТИ ТАҚДИРӢ ФАРЗАНДИ ХУД!

Дирӯз, маротибаи дуюми интихоби ихтисосҳо дар Маркази миллии тестӣ оғоз шуд, ҳамчун шаҳрванд дар чанд нукта ширкат кардам ва дидам, ки ҳамоно ҷавонони мо рӯиҳамрафта гирди ким-кадом номе мегарданд, лек интихоби дурусти касбро ҳанӯз ёд нагирифтаанд…
Қаблан, навор кардам ва чанд масъаларо ошкоро гуфтам, вале ҳанӯз ҳам мебинем ҷавонони саодатманди мо думболи интихоби ғалати касб ҳастанд.
Ҳамватани азиз, як маротиба таваҷҷуҳ кун ва худат бин, ки дар ҷаҳон чӣ мегузарад???
Дирӯз, як ҷавон омад номи ягон касбро намедонад ва номи донишгоҳеро гирифту гуфт муаллимашон ҳамонро тавсия додааст. Яъне, ҳамон гуфти муаллим шавад. На фикри худашро дорад, на орзуи худашро дорад, мегӯяд супорем як гап мешавад…
Бо ҳамин тарзи интихоб , бо ҳамин тарзи муносибат дар оянда ин ҷавон кӣ мешавад???
Чӣ хидмате барои ҷомеа карда метавонад?
Агар муаллими мактаб тавсия дод, ҳатто номи касбро ҳам нагуфтааст, муаллими арҷманд ин ҷавон рафту пас аз хатми донишгоҳ дар нимароҳ монд, дарди сари кӣ мешавад???
Мо, магар аз ҳад намегузаронем???
Чаро муаллими мактаб ба хонанда намегӯяд, ки бачам рав муҳандис шав???
Чаро хонандаро ба роҳе, ки умуман дар он қудрату тавон надорад, тавсия медиҳед???
Магар муҳандис шудани 1000 ҷавони кишвар бар манфиати кор нест???
Имрӯз, кадрҳое бояд омода кард, ки ба дарди ҷомеа бихӯрад, барои пешрафти кор саҳм гузошта тавонад!
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зиндагии мардум беҳтар гардидан, ҳаёт боз ҳам ширин шуданаш ба сокинони кишвари азизамон расман иҷозат доданд, ки ба тиллошӯӣ машғул шаванду худро обод созанд. Яъне, аз боигарии Ватани маҳбубамон ҳар як шаҳрванд истифода намояду саодатмандона зиндагӣ кунад. Ин ғамхории Роҳбари муаззами кишвар аст! Дилсӯзӣ аст!
Зиёда аз 90 фисади масоҳати кишвари азизамон кӯҳсор аст!
Магар имрӯз зарурате пеш наомадааст, ки ба омӯзиши ин илмҳо бипардозем ва аз дили кӯҳ лаъл ба даст оварем???
Ҳақиқати таърихро мо ба хотири назокатҳои дипломатӣ намегӯем ва друст ҳам намеомӯзонем, вале омӯхтану аз боигариҳои Тоҷикистон истифода намуданро касе манъ накардааст.
Боигариҳои кӯҳҳои Тоҷикистонро агар истифода барем, мо метавонем, ки аз сарватмандтарин афроди ҷаҳон бошем.
Агар аз ин соҳа истифода барем, муҳандисону мутахассисони хуби соҳаро омода созем, метавонем, ки сарватмандона зиндагӣ намоем!
Ва шояд вожаи қарз, муҳоҷират ва чанд калимоти дигар пурра аз фарҳанги мо нест шавад.
Имконияти кишвари азизамон бениҳоят бисёр аст, лек бояд кадрҳои миллӣ омода карда шаванд!
Ҳама самти тиб меравад, ин хуб аст, лек охир ду се рӯз пас зеҳни сунъӣ ҳамаро иваз мекунад ва беҳтарин табиб мешавад.
Бисёре аз касбҳо то 10 соли оянда аз байн меравад, бисёре мутахассисон дар нимароҳ мемонанд, вале муҳандис ҳамеша зарур аст, кор меёбад.
Барои ҳамин дар интихоби касб хеле дуруст рафтор намоед, фаъол бошед, ояндаи фарзанди худро фикр намоед!
Имрӯз, бегонагон дар мо соҳиби бузургтарин конҳои ҳастанд ва дар дигар кишварҳо низ ҳамин хел аст, лек агар мутахассисони миллӣ омода шаванд, аллакай соҳибкорони мо худашон ин корҳоро метавонанд, сармоягузорӣ намоянду бар нафъи миллат корро пеш баранд.
Шукр мо соҳибкорони серсум дорем.
Баъзе аз соҳибкорони мо намози ҷумъаро дар кишварҳои арабӣ рафта мехонанду меоянд, баъзе аз соҳибкорони мо дар кишварҳои африқоӣ заводу фабрика доранд, корхонаҳои калон доранд.
Агар мутахассисони миллиро омода созем, ҳаминҳо омода дар ин ҷо корро ба роҳ мемонанд. Дилашон албатта, барои миллат месӯзад, барои ояндаи давлати худ дилсӯзӣ мекунанд, инсоният нишон медиҳанд. Вале бояд мутахассисони худӣ омода бошанд, ҷавонон бояд омода бошанд! Муҳандиси хуб бошанд!
Дар ин самт ҳоло дар кишвари азизамон ягона маркази омодасозии мутахассисон ин Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мебошад.
Марҳамат, ихтисосҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро интихоб намоед ва барои пешрафти кишвари азизамон саҳм гузоред!
Муҳандис шавед, дар ҳеҷ куҷое бенон намемонед!
Ояндаи худро аз ҳозир бисозед, зиндагии беҳтаринро бо интихоби дурусти касб соҳиб шавед!
Аз ҳоло қадами нахустинро дар интихоби касб друст бардор, ихтисосҳои дурустро интихоб намо!
Ҳамчун ватандӯст, ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як ҳамватани Шумо дилсӯзона мегӯям, ки ихтисосҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро интихоб намоед, муҳандис шавед, соҳиби зиндагии шоиста мегардед!
Ба умеди бегонагон набояд шуд, мо бояд худ дар роҳи ободии Ватани азизамон бошем!
Ихтисосҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро интихоб намоед ва бо нангу номуси баланди ватандӯстӣ дар пешрафту ободонии Ватани азизамон саҳм бигузоред!
ҳамватани Шумо
М. Саидов
сардори шуъбаи иттилоот