Забони модарӣ – забони назми оламгири Рӯдакӣ

Забони мо дар ҳама даврони таърихи гузашта аз омилҳои муҳими иттиҳоди мо буд ва ин иттиҳод бояд дар зеҳни мардум, бахусус насли ҷавон ҳарчи бештар парвариш дода шавад.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Забони модарӣ – забони назми оламгири Рӯдакӣ

Имрӯз, 19 сентябр дар Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон бо иштироки устодону донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Бӯстон дар мавзӯи “Забони модарӣ – забони назми оламгири Рӯдакӣ” рӯзи ягонаи ахбор доир гардид. Дар кори мулоқот аъзои гуруҳи тарғиботӣ-ташвиқотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Олимҷонов М. ва Камолова З. ширкат намуда, оид ба поку беолоиза нигоҳ доштани забони нобу шевои тоҷикӣ ибрози назар намуданд.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода оғоз гардида, мавсуф оид ба дастгириҳои давлатии аҳли илму маърифат ва фароҳам намудани фазои рушди забони давлатӣ ва гиромидошти анъанаҳои гузаштагон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуд.
Аз иштирокдорон оид ба расидан ба қадри сулҳу субот, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва аз даст надодан зиракии сиёсӣ даъват ба амал оварда шуд.