Идомаи хонишҳои сиёсӣ бо усули факултет ба факултет

Тибқи нақша -чорабиниҳои муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҳамасола дар ду марҳила хонишҳои сиёсӣ бо ҷалби васеи ҷавонон бо усули факулта ба факулта баргузор гардида истодааст, ки дар бора ба шуъба Насриддинов Шаҳбоз иттилоъ дод.

Тибқи нақшаи болозикр, бо ҷалби васеи омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети электромеханикаи Донишкадаи кӯҳию металургии Тоҷикистон бо иштироки масъулини филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор гардид.
Чорабиниро мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада, ҳамзамон раиси намояндагии ИҶТ дар донишгоҳ Шаҳбоз Насридинзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, оид ба мақсаду ҳадафи чорабинӣ ибрози андеша намуд.
Сипас, муовини раиси филиали ИҶТ дар вилоят Фирдавс Фахридинзода оид ба 10 самти афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон, дастгириҳои Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.
Дар охир аз ҷониби ҷомеаи меҳнатии факултет номзадии Норов Аюбҷон ба ҳайси раиси намояндагии ИҶТ дар факултет якдилона дастгирӣ шуд.