Донишҷӯи варзишкори донишкада дар Қазоқистон соҳиби ҷойи дуюм гардид

Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба донишҷӯи факултети металлургия Ашӯрзода Баҳоваддин, ки дар мусобиқаҳои варзишӣ дар Қазоқистон ширкат намуда соҳиби ҷойи дуюм гардид, Диплом тақдим намуда, ба донишҷӯи варзишкор ҷиҳати фаъолияти пурсамар изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи мазкур аз рӯи навъи варзиши қазоқии қурешӣ баргузор гардида, донишҷӯи мо дар он фаъолона ширкат намуд.